Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи тасаллияти аҳли адаби тоҷик ба наздикони Симин Беҳбаҳонӣ


Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон ба пайвандону наздикони Симин Бебаҳонӣ-шоири саршиноси эронӣ бо ирсоли як нома тасалият баён кардааст. Абдулҳамиди Самадов-муовини раиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, марги ин шоири шинохта онҳоеро, ки ба шеъру шоири алоқа доштанд, такон дод.

Ба гуфтаи Самадов, Симин Бебаҳонӣ аз ҷумлаи шахсиятҳое буд, ки шоирони навҷӯи тоҷик аз ашъори ӯ аз ҷиҳати маънавӣ баҳра бурдаанд ва дар пайравӣ ба Симин роҳу ҷойгоҳи вижаи худро дар адабиёт пайдо карданд.

Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон дар назар дорад, ки маҳфили ёдбуди ин шоири саршиносро дар Тоҷикистон баргузор кунад.

XS
SM
MD
LG