Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои украинӣ боз се шаҳри шарқи Украинаро таҳти назорат гирифтанд


Нерӯҳои ҳукуматии Украина баъди задухӯрдҳо бо ҷудоихоҳони рустабор се шаҳр - Чернухино дар вилояти Луҳанск, Булавинское ва Александровское дар вилояти Донетскро таҳти назорат қарор доданд.

Дар ин бора рӯзи 15 август Андрей Лисенко, сухангӯи Шӯрои амнияти миллӣ ва мудофиаи Украина, хабар дод.

Аз ин пеш мақомоти Украина хабари аз минтақаи Изварино вориди қаламрави кишвар шудани зиреҳпӯшҳову мошинҳои низомии Русияро таъид карданд. Ситоди амалиёти зиддитеррористӣ дар шарқи Украина рӯзи ҷумъа, 15 август, эълом дошт, ки аз убури зиреҳпӯшҳо хадамоти кашф хабар додаааст. Ба иттилои ин хадамот, зиреҳпӯшу мошинҳо зиёд набуданд ва аммо онҳо рақамҳо ва нишонҳои хоси русӣ доштанд.

Аз ин пеш нашрияҳои бритониёвии "Гардиан" ва "Телеграф" дар бораи вуруди корвони зиреҳпӯшҳои русӣ ба қаламрави Украина хабар дода буданд.

Аммо раёсати марзбонии Хадамоти федеролии амнияти Русия рӯзи ҷумъа ин хабарҳоро рад кард. Дар изҳороти ин ниҳод гуфта шудааст, ки бино ба тирборон шудани қаламрави Русия аз ҷониби Украина гурӯҳҳои махсус таъсис шудаанд, ки ҳангоми дарёфти иттилоъ дар бораи тирандозӣ ба хотири дифоъ аз шаҳрвандони кишвар фавран ба ҷойи ҳодиса фиристода мешаванд. Аммо ин гурӯҳҳо, омадааст дар изҳорот, фақат дар қаламрави Русия амал мекунад.

XS
SM
MD
LG