Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои Ироқ додгоҳи ифротгароёнро нобуд карданд


Нерӯҳои Ироқ ҳамзамон бо нерӯҳои курд ба мавзеъҳои ҷангҷӯёни Созмони Давлати Исломии Ироқ дар шаҳри Мосул ҳамла карданд. Аз ҷумла рӯзи 6-уми август дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои давлатӣ ба додгоҳи шариатии Давлати Исломии Ироқ дар Мосул 60 нафар кушта шудаанд. Айни замон як намоянда аз нерӯҳои пешмаргаи Курдистони Ироқ гуфт, Ҳизби Коргарии Курдистон ва нерӯҳои курдӣ аз Сурия ризоят додаанд, ки ҳамроҳ алайҳи тундравони суннимазҳаб дар шимоли Ироқ биҷанганд. Ҳало Панҷванӣ, раиси Иттиҳоди меҳандӯстони Курдистони Ироқ дар Мосул гуфт, ки нерӯҳои гуногуни курдҳо ҷанг ҳамлаи ҷавобӣ алайҳи тундравони Созмони Давлати Исломии Ироқро шурӯъ кардаанд ва мехоҳанд, роҳи амни гузарро барои даҳҳо ҳазор сокинони язидитабор боз кунанд, ки аз тарс хонаҳояшонро дар ноҳияи Синҷор тарк карда ба кӯҳҳо рафтаанд ва ҳоло обу беобум ғизо мондаанд.

XS
SM
MD
LG