Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хандаи эътирозии занони Туркия


Изҳори назари як мақоми ҳизби ҳокими Туркия, вокуниши бисёре аз занони он кишварро барангехтааст.

Муовини нахуствазири Туркия гуфтааст, ки занон набояд дар малаи омм ё ҷойҳои умумӣ биханданд. Булент Аринч бо нигаронӣ аз интишори фасоди ахлоқӣ дар Туркия, дар суханроние дар авоили ҳафтаи гузашта иффат ва покдоманиро аз вижагиҳои зарурии мардон ва занон медонад .

Ба гузориши хабаргузории Олмон, ин суханони узви ҳизби ҳокими адолат ва тавсеа ба суръат ба вокуниши занон дар шабакаҳои иҷтимоиро рӯбарӯ шуд. Чанд соат баъд аз изҳори назари ин мақоми давлатии турк, ҳазорон нафар аз занони Туркия тасвирҳои хандони худ дар шабакаҳои иҷтимоиро мунташир карданд.

Бинобар ин гузоришҳо, беш аз 300 ҳазор зан дар Твиттер аксҳои худро мунташир карданд, ки лабханд зада ва хандида буданд. Баъзе аз занон ҳам по аз ин фаротар гузошта, тасвирҳои Булент Аринчро дар паҳлӯи зани хандон мунташир карда буданд.

Ба гузориши хабаргузории Олмон, дар ҳоле, ки интихоботи раёсати ҷумҳури Туркия дар моҳи ҷорӣ баргузор хоҳад шуд, ихтилоф миёни либералҳо ва муҳофизакорон дар ин кишвар дар ҳоли афзоиш аст. Албатта ихтилофи назар миёни ҳизби ҳокими адолат ва тавсеа ва либералҳо бар сари масъалаи ҳуқуқи занон дар гузашта низ вуҷуд доштаааст.

Барои мисол Раҷаб Таййиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия ва раҳбари Ҳизби адолат ва тараққӣ ҳудуд 4 сол қабл сақти ҷанин ё "аборт"-ро қатл номида буд. Дар посух ҳазорон зани аҳли Туркия бо интишори аксҳо аз шикамҳояшон, тасмимгирӣ дар бораи баданашонро ҳаққи худ эълом карданд.

Хабаргузории Олмон навиштааст, ки бо вуҷуди ин муноқишаҳо, Ҳизби ҳокими Туркия ҳамчунон аз ҳимояти густурдаи мардуми он кишвар бархӯрдор аст ва оқои Эрдуғон тибқи назарсанҷиҳо пешсаф мебошад.

XS
SM
MD
LG