Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми додгоҳ дар бораи ҳабси пешакии Саакашвилӣ


Михаил Саакашвилӣ
Михаил Саакашвилӣ

Додгоҳи Гурҷистон дар ғиёби Михаил Саакашвилӣ-раиси ҷумҳури пешини ин кишвар дастур содир кард, ки вайро дар марҳилаи қабл аз мурофиа ба боздошт гиранд. Ин ҳукмро додгоҳи шаҳри Тифлис 1 август баъд аз он содир кард, ки Додситонии Кулл бар зидди Саакашвилӣ 28 июл парвандаеро ба додгоҳ фиристод.

Раиси ҷумҳури пешинро ба бозпурсӣ даъват карда буданд, вале вай ба додситонӣ ҳозир нашуд. Саакашвилӣ, ки аз соли 2004 то соли 2013 раиси ҷумҳури Гурҷистон буд, охири соли гузашта баъд аз поёни давраи раёсати ҷумҳуриаш, Гурҷистонро тарк кард.

Вайро барои пароканда кардани тазоҳуроти зиддиҳукуматии моҳи ноябри соли 2007 дар Тифлис ва фиристодани ниру ба маркази телевизионии Имедӣ ва забти он гунаҳгор медонанд.

Аммо Саакашвилӣ ин иттиҳомотро қабул надорад. Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо аз иттиҳомоти зидди вай изҳори нигаронӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG