Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикоят аз болои як корманди баландпояи Кумитаи андоз


Ширкати «Вавилон-Мобайл» мақоми Кумитаи молиёти Тоҷикистон Карим Партоевро ба нақзи банди 90-и Қонуни андоз, "махфӣ нигоҳ доштани сирри андоз" ва банди 93-и ҳамин қонун "пинҳон нигаҳ доштани маълумот ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ" муттҳам кард ва аз рӯи ӯ ба Додситони кулл шикоят бурд. «Вавилон-Мобайл» гуфтааст, Карим Партоев, Сардори Раёсати нозирот ва масъули тафтиши фаъолияти сесолаи ширкати "Вабилон- Мобайл", дар ҷараёни бозҷӯӣ маълумотеро, ки бояд то анҷоми тафтишот пинҳон мемонд ошкор кардааст.

Холиқназар Ҷумъаев, сухангӯи «Вавилон-Мобайл» рӯзи 31-уми июл ба радиои Озодӣ гуфт, ки ширкати «Вавилон-Мобайл» рузи сешанбе шикояти худро алайҳи Карим Партоев, Сардори раёсати нозирот оид ба андоз ба Додситонии кулл супурд ва интизори тафтиши мунфисонаи рафтори як мақоми давлатӣ аст.

Шикояти «Вавилон Мобайл» дар ҳоле ба Додситони кулл ироа шуд, ки ҳафтае пеш раиси Кумитаи андози Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода ин ширкатро ба насупурдани молиёт муттаҳам кард ва қарзи онро 341 миллион сомонӣ гуфт.

«Вавилон Мобайл» иттиҳоми қарздориро бепояву асос хонд ва гуфт, Нусратуллоҳ Давлатзода ҳақ надошт ширкатро қабл аз эълони натиҷаҳои баҳси додгоҳӣ, қарздор эълон кунад.

XS
SM
MD
LG