Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳикояти раҳгузарон аз дӯстони ҷонию молию забонӣ


Ҳанӯз Шайх Саъдӣ дӯстонро ба нонию, забонию ҷонӣ ҷудо карда буд ва мегуфт, ба нонӣ нон бояд доду аз дар ронд, забониро ситоиш кард, вале барои дӯсти ҷонӣ бояд омода буд, ҷон дод.

Рӯзи байнулмилалии дӯстӣ (International Day of Friendship) аз ҷавонтарин ҷашнҳо дар олам маҳсуб мешавад - Маҷмааи умумии СММ дар бораи таҷлили ин рӯз 27 апрели соли 2011 тасмим гирифт. Созмони Милал аз ниҳодҳои давлатӣ ва созмонҳои байнулмилаливу минтақаӣ даъват кард, ки Рӯзи дӯстиро ҳамасола 30 июл дар пояи анъанаҳои фарҳангии ин ё он кишвар таҷлил кунанд. Дар қатъномаи СММ ба муҳим будани ин ҷашн дар таҳкими робитаҳои дӯстона байни халқу қавмҳои гуногун таъкид шудааст.

Ҳамкорони мо дар шаҳри Душанбе аз сокинону меҳмонони пойтахт суол карданд, ки, аз нигоҳи онҳо, дӯстӣ имрӯз бар кадом поя аст? Боиси дареғ аст, ки аксари пурсидашудагон дӯстии имрӯзаро "молӣ" ва "забонӣ" номиданд. Аммо бештари онҳо ҷавононанд, ки шояд ҳанӯз дӯстии ҳақиқиро дар лаҳзаҳои сахт имтиҳон накардаанд. Барояшон мешавад, орзу кард, ки дар оянда дӯсти ҷонии худро пайдо кунанд. Ин наворро бубинед ва бинависед, ки дӯстони худро чӣ гуна баҳо медиҳед ва ба кадом навъ мансуб медонед. Умедворем, бисёриҳо дӯстони ҷонӣ ҳам дошта бошанд.

Дӯстии мо ҷонӣ аст, нонӣ аст ва ё забонӣ?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:10 0:00

XS
SM
MD
LG