Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қисос", шафқат ё хунбаҳо? (АКС)


“Мавҷи шафқат” ба маҳбусони маҳкум ба эъдомшуда дар Эрон ҳарчӣ бештар ба тиҷорат табдил меёбад.

16 апрел охирин рӯзи зиндагии Билол маҳсуб мешуд. Баъд аз ҳафт соли зиндон ӯ, сокини шаҳраки Нури вилояти Мозандарони Эрон, бояд дар маҳзари ом ва дар пеши чашми пайвандони Абдулло, ҷавоне, ки аз зарби корди ӯ ҷон бохта буд, ҳалқовез мешуд. Аммо дар лаҳзаи охирин модари Абдулло ба рӯи Билол силие зад ва ӯро бахшид. Он лаҳзаи ҳассосу риққатовар, ки модари Абдулло бандро аз гардани Билол берун мекард, дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври густурда инъикос ёфт.

МАВҶИ ШАФҚАТ Ё “ТИҶОРАТ”?

Баъд аз ин ҳодиса Эронро "мавҷи бахшишҳо" фаро гирифт, ки, ба гуфтаи таҳлилгарон, талошҳои мақомот барои пойдор мондани ҳукми қатл дар кишварро ба таҳдид мувоҷеҳ кардааст. Як ҳафта пеш рӯзномаи ислоҳотталабон «Шарқ» хабар дод, ки моҳҳои ахир дасти кам 9 маҳбуси ба эъдом аз тариқи ҳалқовез маҳкумшуда аз сӯи волидони қурбониён бахшида шуданд. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи таҳлилгарон, ҳарчанд маъракаи аз рӯи раҳму шафқат бахшидани маҳкумшудаҳо ривоҷ мегирад, аммо пул ҳам омили аслӣ боқӣ мемонад.

Рассомон, ситораҳои телевизион ва ҳомиёни ҳуқуқи башар аз шаҳрвандон даъват мекунанд, ки маҳкумшудаҳо ба эъдомро бубахшанд ва ин даъвати онҳо дар расонаҳои хабарӣ ба таври густурда инъикос меёбад. Дар робита ба қазияи Билол ситораи телевизион Одил Фирдавсипур дар барномае, ки миллионҳо нафар тамошо мекунанд, хостори афв кардани ӯ шуд. Аммо Абдулсамад Хоразмшоҳӣ, ҳуқуқдони маъруф дар Эрон, мегӯяд, он чӣ, ки дар расонаҳо чун «мавҷи шафқат» арзёбӣ мешавад, дар асл “тиҷорат” аст.

Бар пояи шариати ислом, ки дар Эрон роиҷ аст, хонаводаи муҷрим метавонад бо пардохти хунбаҳо озодии пайванди зиндонияшро бихарад. Гуфта мешавад, ки қимати расмии хунбаҳо дар 150 миллион туман ё муодили тақрибан 50 ҳазор доллар аст, аммо баъзан аз хонаводаи маҳкумшуда маблағи бузургтар тақозо мешавад. Бар пояи хабарҳо, хонаводаи Билол барои озодии ӯ тақрибан 300 миллион туман пардохт кардааст.

Абдулсамад Хоразмшоҳӣ дар сӯҳбат бо торнамои fararu.com. бо такя ба иттилоъи дарёфтияш гуфтааст, бештар вақт масоили марбут ба «қисос» бо пардохти маблағи бузург аз сӯи хонаводаи муҷрим ҳал мешавад. Ӯ мутмаин аст, расонаҳо бояд касонеро тарғиб кунанд, ки воқеъан ва бидуни дарёфти маюлағе муҷримҳоро мебахшанд.

Додситони кулли Эрон Ғуломҳусейн Муҳсинии Эҷей моҳи апрели соли равон изҳор намуд, ки тайи як сол – аз соҳи марти соли 2013 то моҳи марти соли 2014 – 358 тан аз эрониҳои ба эъдом маҳкумшуда бар пояи қонуни шариат оид ба қасос афв карда шуданд.

ОЁ ШАФҚАТ ҶОЙГУЗИНИ ПУЛ ХОҲАД ШУД?

Маҳмуд Амири Муқаддам, як тан аз масъулини Созмони ҳуқуқи башари Эрон, мақараш дар Новрегия, мегӯяд, то ҳол маълум нест, ки чӣ теъдоде аз ин авфҳо баъд аз пардохти маблағ содир шудааст. Ӯ меафзояд, ки айни ҳол бархе аз эрониҳо на пул, балки раҳму шафқатро арзиши аслӣ мехонанд. "Ба ҳамон андозае, ки ҳукмат саъй дар тарвиҷи (ривоҷ додани) фарҳанги эъдом дорад, аз тарафи дигар фарҳанги мухолифи ин, яъне фарҳанги бахшиш ҳам ривоҷ пайдо мекунад", мегӯяд Маҳмуд Амири Муқаддам.

Ба гуфтаи ӯ, ҷомеъаи шаҳрвандии Эрон ва гурӯҳҳои алайҳи ҳукми эъдом бояд рӯи ривоҷ ёфтани раванди шафқат тамаркӯз кунанд. Яке аз ин

Муҳаммад Маликӣ
Муҳаммад Маликӣ

гурӯҳҳои мухолифи эъдом «Қадам ба қадам ба хотири маъни ҳуми қатл дар Эрон» аст, ки аз сӯи зиёиёну рӯшанфикрон ва ҳомиёни ҳуқуқи башар сармоягузорӣ мешавад. Муҳаммад Маликӣ, устоди собиқи Донишгоҳи Теҳрон, яке аз сарпарастони ин гурӯҳ мегӯяд, ки дар Эрон ҳарчӣ бештар нафрат ба ҳукми эъдом ва таваҷҷуҳ ба раҳму шафқат эҳсос мешавад. Ӯ иқрор мекунад, ки бештари хонаводаҳо ҳаёти пайвандони ҷинояткори худро бо пардохти маблағ мехаранд. Аммо оғои Маликӣ шоҳиди ҳодисаҳои зиёде ҳам буд, ки ба эъдом маҳкумшудаҳоро фақат аз рӯи шафқат бахшидаанд. Ҳамзамон ӯ иқрор мекунад, ки барои дар ҷомеъаи Эрон маъмулӣ табдил шудани ин раванд вақти зиёде зарур аст. Ба гуфтаи донишманд, «мардум бояд ба тадриҷ дарк кунанд, ки пул наметавонад ҷойгузини раҳму шафқат шавад».

Муҳаммад Моликӣ меафзояд, ин раванд дар ҳоле рушд мекунад, ки раҳбарони Эрон даъватҳо барои лағви ҳукми эъдомро нодидаву нашунида мегирад.

Як хабарнигори муқими Теҳрон мегӯяд, ки режими Эрон аллакай мавҷи раҳму шафқатро ба манфиати худ истифода мебарад, зеро он чеҳраи «инсони»-и Эронро ба оламиён намоиш медиҳад. Аммо бархе аз таҳлилгарон бо ишора ба решаҳои амиқи хушунат дар ҷомеъаи Эрон ҳадс мезананд, ки барои аз байн бурдани ҳукми эъдом солҳои тулонӣ зарур хоҳад шуд.

Дар Эрон соли 2013, ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқи башар, 685 ҳукми эъдом иҷро шуд. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Мустафо Иқлимӣ, донишманди маъруфи эронӣ, гумон аст, ки мавҷи шафқат дар Эрон дар оянда густариш ёбад, зеро на ҳар инсон тавони бахшидани шахсеро дорад, ки фарзандаш аз дасти ӯ ҷон бохтааст. Зимнан, ба волидайни Абдулло ҳам, бо вуҷуди дарёфти хунбаҳо, аз хуни Билол гузаштан осон набуд, зеро то ҳанӯз захмҳо аз марги дигар писари наврасашон, ки бар асари садамаи мотосикл аз олам даргузашта буд, дар дилашон шифо наёфта буд.

"ҚИСОС" ХУНБАҲО НАДОРАД?

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, донишманди илми фиқҳ, мегӯяд, ки ба қисос, яъне эъдоми қотил, дар Қуръони Шариф ҳам таъкид шудааст ва ҳадафи он - пок сохтани ҷомеъа аз афроди ҷинояткор аст. «Худованд дар Қуръони шариф мегӯяд, ки «барои шумо дар қисос ҳаёт аст». Баъзан як одам ба дараҷае аз сифатҳои разолат доро мешавад, ки даст ба одамкӯшӣ мезанад. Вақте,ки як кас каси дигар барқасонда мекӯшад, Худованд ӯро ҳукм ба қисос кардааст, зеро одамон аз ин ибрат мегиранд ва ба чунин ҷиноят даст намезананд ва тавассути

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад
Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад

қисоси муҷриме, ки ҳаққи зиндагӣ дао ҷомеъаро надорад, хатари куштани касони дигар аз байн меравад», мегӯяд ӯ.

Донишманд меафзояд, ки дар бархе аз давлатҳо, аз ҷумла, дар Эрон, баъзан қисосро бо хунбаҳо иваз мекунанд. Дар асл, ба гуфтаи ӯ, хунбаҳо барои кушторҳоеаст, ки бо амри тасодуф рӯй додаанд. «Чанд намуди қатл мавҷуд аст – яке қатли барқасдона, ки шариати ислом барои ин қисосро муқаррар кардааст. Дигарӣ - куштори касе бар асари беэҳтиётӣ, бигирем, як кас дар канори манзилаш чуқурӣ меканад ва каси дигар тасодуфан ба он афтода ба ҳалокат мерасад. Ё бигирем, садамаҳои нақлиёте, ки имрӯзҳо бар асари беэҳтиётии ё ронанда ё шахси пиёдагард рӯй медиҳанд. Куштори дигаре ҳам ҳаст, бигирем, шахсе каси дигарро сайд пиндошта сӯи ӯ оташ мекушояд. Ин ду куштори ахир хунбаҳо доранд».

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад меафзояд, ки ҳодисаҳои фақат аз рӯи шафқат бахшидани фарди муҷрим ҳам кам нестанд. Худи ӯ дар Афғонистон шоҳиди бахшидани шахсе шуда буд, ки мардеро бо тир ба ҳалокат расонда буд. Ӯ меафзояд, падари мақтул гуфт, ки хунбаҳо талаб надорад ва хостори эъдоми муҷрим ҳам нест, зеро ин ҳодиса бо амри тасодуф рӯй додааст...

Дар Тоҷикистон барои ҳукми эъдом мораторий эълон шудааст. Бар пояи банди якуми моддаи 104-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои куштори барқасдона аз 12 то 15 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст. Аммо дар баъзе ҳолатҳо, дар пояи банди дуввуми ин модда, аз ҷумла, барои куштори ваҳшиёна ё куштори тифлу шахси нотавон ва ё барои куштор бар пояи адовати қавмӣ муҷрим метавонад ба эъдом ё 25 соли зиндон маҳкум шавад. Дар Тоҷикистон ба эъдом маҳкум кардани занони ҳомила ва афроди то 18-сола мумкин нест.

Зимнан, ҳоло дар кишварҳои гуногуни олам барои ҷумру ҷиноёти мухталиф ҳукми қатл муқаррар шудааст. Дар Эрон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Арабистони саъудӣ ва Судон ба ҷуз куштор барои чанд ҷиняоти дигар, аз ҷумла, зино ва танфурӯшӣ ҳукми эъдом пешбинӣ шудааст. Дар Покистон барои тавҳин ба Ислом ҳатто афроди ғайримусалмон метавонанд қатл карда шаванд. Дар бархе аз кишварҳо афроди муттаҳам дар қочоқи маводи мухаддир ҳам пойи дор мефиристанд. Вале дар бисёр кишварҳо занони ҳомиладор, кӯдакон ва афроди ҷунуниро эъдом намекунанд. Истисно шояд аёлатҳои Луизиана ва Арканзаси ИМА бошад, ки қатли наврасони 15-сола иҷоза аст. Дар Покистон бошад, кӯдакони синнашон аз 7-сола боло дар баробари калонсолон маҳкум ба эъдом мешаванд.

Дар 68 кишвари олам ҳукми эъдом тавассути тирандозӣ иҷро мешавад. Дар ҳафтоду ҳашт кишвар ҳукмро аз роҳи ҳалқовез ё ба дор овехтан татбиқ мекунанд. Бо шамшер сари маҳкумшударо буридан ҳоло фақат дар Арабистони саъудӣ боқӣ мондааст. Дар аксари ин кишварҳо солҳо боз даъватҳо барои лағви ҳукми эъдом баланд мешаванд ва аммо мақомот ин даъватҳоро ношунида мегиранд, зеро ҳарос доранд, ки аз байн бурдани ҳукми қатл шояд боиси боло рафтани сатҳи ҷурму ҷиноят гардад.

XS
SM
MD
LG