Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси ду зани суғдӣ барои харидуфурӯши инсон


Додгоҳи шаҳри Хуҷанд як гурӯҳи 3-нафарии занонро бо гуноҳи “хариду фурӯш инсон” ва “хабар надодан аз ҷиноят” ба муҳлатҳои аз 1 то 9 сол ба зиндони низомаш умумӣ фиристод. Наргиса Набизода, додраси додгоҳи Хуҷанд ва раиси мурофиаи парвандаи ин занон бегоҳи рӯзи душанбеи 21-юми июл гуфт, Н. Ғ. ва Ш.М., ду зан аз шаҳри Хуҷанд солҳои охир ба ҷалб ва интиқоли занон ба шаҳри Дубайи Иморати Муттаҳидаи Араб ва водор кардани онҳо ба танфурӯшӣ дар ин кишвар машғул буданд. Онҳоро кормандони мақомоти додситонии вилояти Суғд аввалҳои соли равон дар шаҳри Душанбе, вақти равон кардани ду зани суғдӣ ба Дубай дастгир кардаанд. Ба гуфтаи хонум Набизода, ду зани ҷабрдида дар зимни мурофиа гуфтаанд, ки Н.Ғ. ва Ш. М. шарт гузоштаанд, ки дар Иморат онҳо дар давоми 40 рӯз бо роҳи танфурӯшӣ 10 ҳазор доллар пайдо карда, ба онҳо хоҳанд дод. Ҳамчунин онҳо ҳамчунин ҳудуди 1 ҳазор доллари дигар барои пардохти иҷораи манзил дар Дубай бояд месупурдаанд. Бо ин шарт Н. Ғ. ва Ш.М. ба ду зани ҷавони ҷабрдида маблағи гирифтани шиносномаи хориҷӣ ва чиптаҳои сафар ба Аморатро пардохт кардаанд. Додгоҳ зани сеюми ин гурӯҳ - Г.Ю. - ро барои хабар надодан аз аъмоли ҷиноии шариконаш муҷрим донист.

Аз ин занон ба хотири эҳтимолияти бегуноҳии онҳо то замони ҳукми қонунӣ гирифтани қарори додгоҳ, ном бурда намешавад. Ба гуфтаи хонум Набизода, онҳо аз замони боздошт иттиҳоми алайҳашон пешниҳодшударо тан гирифта, аз хидмати вакили дифоъ даст кашидаанд. Ду зане, ки аз сӯи додгоҳ барои “хариду фурӯши инсон” гунаҳкор дониста шуданд, 45 ва 21 сола буда, ҷойи кор надоштаанд. Яке аз онҳо ду фарзанди хурдсол ва дуюмӣ - як фарзанд дорад. Н. Ғ. қаблан дар шаҳри Дубай зиставу дар як найтклуб ё толори дилхушии шабона кор кардааст ва ба василаи шиносҳои собиқаш дар Дубай шабакаи интиқоли занони тоҷик ба Иморатро роҳандозӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG