Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Силсилабоздидҳои Путин аз Амрикои Лотин шуруъ мешавад


Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия силсилабоздиди 6 рӯзаи худро аз кишварҳои Амрикои Лотин 11 июл оғоз мекунад.

Нуқтаи аввали боздид Ҳавана-пойтахти Куба хоҳад буд ва дар ҷараёни он Путин бо Фидел Кастро-раиси ҷумҳури пешини Куба низ дидор хоҳад дошт.

Юрий Ушаков-мушовири Путин ба хабарнигорон гуфт, ки раиси ҷумҳури Русия мехоҳад дар қонуне имзо гузорад, ки 90 дарсади қарзҳои Куба ба Русияро ботил кунад. Куба аз Русия 35 миллиард доллар қарздор аст.

Баъд аз Куба боздиди Путин аз Аргентина ва Бразилия давом мекунад. Рӯзҳои 13-16 июл вай дар Бразилия дар мулоқоти раҳбарони кишварҳои BRICS, яъне Бразилия, Русия, Ҳиндустон (India), Чин ва Африқои Ҷанубӣ ширкат хоҳад ҷуст.

Мумкин аст Путин бо Ангела Меркел-нахуствазири Олмон низ дидор ва гуфтугӯ кунад, чун Меркел дар бозии ниҳоии бозиҳои қаҳрамонии футболи ҷаҳон дар Рио де Женейро-пойтахти Бразилия ҳузур хоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG