Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 2 корманди ҳукумати Ваҳдат ҳини гирифтани ришва


Ду корманди ҳукумати ноҳияи Ваҳдат ҳангоми гирифтани пора дар утоқи кориашон боздошт шудаанд. Дафтари матбуоти Оҷонсии мубориза бо фасод рӯзи 4 июл иттилоъ дод, ки Раҳмиддин Ҳалимов ва ва Рамазон Беков -- ходимони масъули Ҳокимияти иҷрояи шаҳри Ваҳдат ҳангоми ситонидани ришва дар утоқи корӣ дар ҳаҷми 5 ҳазор доллар боздошт шуданд. Ба гуфтаи манбаъ, Раҳмиддин Ҳалимов -- сармутахассиси мақомоти ҳокимияти иҷроияи шаҳри Ваҳдат ва Рамазон Беков -- корманди масъули Дастгоҳи ҳукумати ҳамин ноҳия дар мавриди тақсими қитъаи замин барои сохтмони манзили зист, бо сокини ин ноҳия Фирӯз Холмуродов машварат намуда, ваъда медиҳанд, ки дар ивази 5000 доллар ба ӯ замин ҷудо хоҳанд кард. Тавре Фирӯз Холмуродов ба муфаттиши Оҷонсии мубориза бо фасод гуфтааст, ходимони масъули ҳукумати Ваҳдат барои ба даст овардани боварии ӯ гуфтаанд, ки ҳамчун корманди ҳукумати шаҳр масъулияте, ки ба дӯш доранд, масъалаи қитъаи заминро бечуну чаро иҷро хоҳанд кард. Аммо ҳаҷми маблағе, ки барои ришват бояд пардохта шавад, барои Фирӯз Холмуродов вазнинӣ мекунад ва ӯ ба Оҷонсии мубориза бо фасод бо ариза муроҷиат мекунад, ки кормандони Оҷонсӣ бо анҷоми як амалиёт рӯзи 19 май дар вақти додани пора дар утоқи кории Раҳмиддин Ҳалимов, ки бо Рамазон Беков -- корманди масъули Дастгоҳи ҳукумати шаҳр якҷо будаанд, 5000 долларро мусодира мекунанд ва ҳардуро боздошт менамоянд. Феълан дар нисбати ин ду корманди масъули ҳукумати шаҳри Ваҳдат тафтишоти пешакӣ идома дошта, онҳо бо моддаи 247 қисми 4, яъне бо амали қалобӣ айбдор дониста мешаванд.

XS
SM
MD
LG