Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

10 ҳамсари ҷиҳодӣ аз Қирғизистон дар ҷангҳои Сурия


Хонуме, ки дар ҷангҳои Сурия иштирок мекунад
Хонуме, ки дар ҷангҳои Сурия иштирок мекунад

Қирғизистон мегӯяд, дар саросари кишвар то рафт даъватҳо барои ширкат дар ҷангҳои Сурия зиёд мешавад.

Аз оғози соли ҷорӣ сохторҳои интизомии ин кишвар 8 парвандаи ҷиноиро дар нисбати мубаллиғони ҷанг боз карда, 15 ҳодисаи даъват ва сафарбаркунӣ ба ҷангро ошкор кардаанд. Эмил Ҷеенбеков, як мақоми вазорати умури дохилаи Қирғизистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки мубаллиғони ҷанг бештар аз Интернет барои фиристодани ҷангиён ба ҷабҳа истифода мекунанд:

- Ба мо ҳоло исми 80 шаҳрванди Қирғизистон маълум аст, ки дар ҷангҳои Сурия иштирок мекунанд. Ҳодисаҳои кушта шудани шаҳрвандони Қирғизистон ҳам ошкор шудааст. Дар Интернет хеле зиёд сафар ба ҷангҳои Сурияро таблиғ мекунанд. Мо зидди ин чиз мубориза мебарем. Вуҷуди шумори зиёди сайтҳо кори моро амалан хеле мушкил мекунад. Мо бо мамъурияти ин сайтҳо ҳам кор карда, талош мекунем, ки онҳоро бубандем, - гуфт дар сӯҳбат бо Озодӣ ходими ВКД Қирғизистон.

Бар тибқи иттилои полиси ин кишвар, аз миёни 80 шаҳрванди Қирғизистон, ки дар ҷангҳои Сурия иштирок мекунанд, 10 нафарашон зан будаанд. Полис мегӯяд, ин хонумҳоро ба гурӯҳи вижаи ба истилоҳ “ҳамсарони ҷиҳодиҳо” ворид кардааст, ки ин ба маънои қабули равобити заношӯӣ бо ҷангиён аст. “Дар сурати ҳалокати шавҳар дар ҷабҳа, ин хонум ба зании ҷиҳодии дигар қабул мешавад”, шарҳ дод ходими ВКД Қирғизистон.

Ахиран дар сӯҳбат бо телевизиони "Ал-Ҷазира" як хонуми ӯзбактабор аз Қирғизистон бо номи Фотима гуфтааст, ки мехоҳад "барои ҷиҳоди амалӣ" ба Сурия равад ва ҳаддалимкон нақш бозӣ кунад. Вай гуфтааст, ки метавонад ба ҷангиён кӯмаки тиббиву маишӣ пешниҳод карда, бо истифода аз донишҳои арабиаш ба кӯдакон дарс диҳад.

Дар Қирғизистон мегӯянд, ки аллакай ҳодисаҳои боздошти афроде сабт шудааст, ки баъди бозгашт аз Сурия ният доштанд дар хоки ватанашон даст ба бадкорӣ зананд. Дар ин замина, Орозбек Молдалиев, раиси комиссиюни давлатӣ оид ба дин ба бахши қирғизии радиои Озодӣ гуфт, ки дар баъзе ҳолатҳо худи имомҳову муфтиҳо ба гурӯҳҳои тундрави пуштибон аз ҷангҳои Сурия шомил мешаванд.

Шумори ҷангиён аз Осиёи Марказӣ дар Сурия, бино ба ҳисобҳо, аз марзи 1000 нафар мегузарад. Танҳо теъдоди ҷангиёни тоҷики ҷанги зидди режими Башор Асад дар ин кишвари дури арабӣ 190 нафар гуфта мешавад. Ҳамин тавр дар матбуот бар иловаи ширкати ҳудуди 200 ҷавони тоҷик дар ҷанги Сурия, ҳамчунин тахминан 150 қазоқ, ҳудуди 70 қирғиз ва садҳо узбак низ гузоришҳо нашр шудаааст. Ҳоло дар Қирғизистон дастикам 25 нафар, бо шумули ду духтар, баъди бозгашт аз Сурия дар боздошт қарор доштаанд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурия

Масъалаи ба ҷангҳои Сурия ҷалб шудани шаҳрвандон барои мақомоти Тоҷикистон як мавзӯи мояи нигаронӣ шудааст. Дар як изҳороти муфтии Сурия шумори ҷангиён аз Тоҷикистон 190 гуфта шудааст, дар ҳоле, ки ба иддаои баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Сурия, шумори ҷингиёни тоҷикистонӣ то 550 нафар ҳадс зада мешавад.

То имрӯз ҳодисаҳои дар ҷангҳо кушта шудани дасти кам 6 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла 3 сокини Кӯлоб, 1 сокини Восеъ, 1 зодаи Исфара ва як зодаи Истаравшан расонаӣ шудааст.

Ахиран мақомоти Тоҷикистон дар бораи ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб шудани фармондеҳи собиқи яке аз ҷузвутомҳои Хадамоти марзбонии Тоҷикистон Давлат Чолов ва чаҳор нафари дигар ба ҷалби ҷавонони тоҷик ба ҷанги Сурия хабар доданд. Ба иттилои додситонии Хатлон, ки ин қазияро таҳқиқ мекунад, се тани онҳо ҷалби ҷавонон ба Сурияро аз дохили маҳбас анҷом медодаанд.

Дар поёни соли 2013 Додгоҳи олии Тоҷикистон 5 донишҷӯи собиқи макотиби олии Сурияро бо ҷурми ширкат дар ошӯбҳои зидди режими Башор Асад боздошт ва дусолӣ маҳкум ба зиндон карда буд. То кунун афроде, ки бо чунин ҷурм маҳкум шудаанд, маъмулан бар асоси қонунҳои ҳамон кишваре ки алайҳаш ҷангидаанд, муҷозот мешуданд ва далели бо ҳамагӣ 2 соли зиндон “халос” шудани он 5 донишҷӯ низ ҳамин аст.

Аммо рӯзи 21-уми май порлумони Тоҷикистон дар Кодекси ҷиноии кишвар банди махсусе ворид кард, ки барои ширкат дар ҷангҳо дар хориҷи кишвар муҷозоти шадидтар таъин мекунад.

XS
SM
MD
LG