Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъулони кӯчарӯбии сарбозони бемор "танбеҳ" шуданд


Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ мегӯяд, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда нисбати масъулине, ки сарбозони беморро дар ҳавои сард ба кӯчарӯби бароварданд, чораҷӯи кардааст.

Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ мегӯяд, масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба гузориши ин созмон оиди кӯчарӯбии сарбозони бемор вокуниш карданд. Дан изҳороти ин созмон омадааст, ки ки рӯзи 17-уми январ дар назди даромадгоҳи Раёсати Тиббӣ, комиссияи ҳарбӣ-тиббӣ ва госпитали ҳарбии (қисми ҳарбии 45010) Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон низомиёни мариз, ки дар бемористони ҳарби муолиҷа мешуданд, дар ҳавои сарди зимистон (санаи 17 уми январ шабона борону барф, хаво шабона -1+1, рузона 3-5 дараҷа хунук), бо либос ва пойафзоли номувофиқ дар чунин фасли сол, маҳалли госпиталро аз барф тоза мекарданд.

Акси ин саҳна ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ фиристода шуд.

Ин Кумита дар посух гуфтааст, ки ҳодиса аз ҷониби мақомот таҳқиқ ва бар алайҳи афроди масъул " чораҳои зарурӣ" андешида шуда. Кумита гуфтааст, ки масъулони ин аскарҳо барои пешгирӣ аз чунин мавридҳо суроши қатъи гирифтанд.

Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ таъкид мекунад, ки хизматчиёни ҳарбӣ гурӯҳи махсуси шаҳрвандоне ҳастанд, ки ба ҳимояи махсус ниёз доранд. "Сарбозоне, ки таҳти муолиҷа қарор доранд, набояд дар иҷрои вазоифе истифода шаванд, ки ҳеҷ рабте ба химати аскарӣ надорад"- гуфтааст созмони ҳуқуқи башар. "Сарбозоне, ки дар бемористони низомӣ ва худи қисми ҳарби ба ёрии тибби муҳтоҷ шудаанд, дар вақти муолиҷа ва муоина аз корҳо ва машғулиятҳо озод мешаванд (банди 350 Оинномаи хизмати дохилии Қуваҳҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон)", менависад ин созмони ҷамъиятӣ.

XS
SM
MD
LG