Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алайҳи 849 волидайн дар Хатлон парвандаҳои маъмурӣ боз шудааст


Бахши ҳуқуқи кӯдаки раёсати корхои дохилаи вилояти Хатлон гуфт, ки аз аввали соли ҷорӣ алайҳи 849 волидайн аз ин вилоят парвандаҳои маъмурӣ боз кардааст. Аз ин парвандаҳо додгоҳҳои шаҳру навоҳӣ аз ҳудуди 30120 сомонӣ волидонро ҷарима кардаанд. Аз раёсати корҳои дохилаи вилояти Хатлон рӯзи 2-уми июл ба радиои «Озодӣ» гуфтанд, ки ин волидайн тибқи қонун дар бораи «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҷарима шудаанд ва ба 55 нафари онҳо огоҳӣ дода шудааст, ки дар сурати такрори бемасъулиятӣ муҷозоти сахтаре мешаванд. Ба иттилои расмӣ ҳоло 77 парвандаи маъмурӣ дар баррасии додгоҳҳои шаҳру навоҳии Хатлон қарор дорад.

XS
SM
MD
LG