Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Сироҷиддин Аслов ба Британия


Сироҷидин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни сафари худ ба Британияи Кабир рӯзи 1-уми июл бо Алан Дункан, вазири рушди байналмилалии ин кишвар мулоқот намудааст. Аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷа иттилоъ доданд, ки дар рафти мулоқот Аслов бо Дункан масоили ҳамкории ду кишвар дар соҳаи рушди байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Сафари Аслов ба Британия дар ҳолест, ки донишмандони бритониёӣ аз боздошти пажуҳишгар Александр Содиқов дар Бадахшон изҳори нигаронӣ карда, хоста буданд ин масъала дар вухӯрии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо мақомоти Британия дар миён гузошта шавад. Аммо аз натиҷаи мулоқоти Аслов дар ин бора чизе гуфта нашудааст.

XS
SM
MD
LG