Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи Иттифоқи рӯзноманигорони қазоқ ба Ҷулиан Ассанҷ


Ҷулиан Ассанҷ
Ҷулиан Ассанҷ

Муассиси сомонаи WikiLeaks Ҷулиан Ассанҷ барандаи ҷоизаи Иттифоқи рӯзноманигорони Қазоқистон дар бахши “таҳқиқоти журналистӣ” шуд. Хабаргузориҳо аз қавли раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Қазоқистон Саидқозӣ Матаев навиштаанд, ки интихоби Ассанҷ ба ҳайси барандаи ҷоиза бо сомонаи WikiLeaks рабт дорад, ки тавассути он расонаҳои қазоқӣ матолиби ҷолиберо нашр карданд.

Ба гуфтаи Матаев, диплом ва маблағи пулии ҷоиза ба Ассанҷ, ки беш аз ду сол боз дар бинои сафорати Эквадор дар Лондон ба сар мебарад, тавассути почта фиристода хоҳад шуд.

Ассанҷ аз Эквадор барои он паноҳгоҳ хостааст, ки ӯро ба Шветсия истирдод накунанд – дар ин кишвар муассиси WikiLeaks дар хушунати ҷинсӣ айбдор мешавад. Ҷулиан Ассанҷ таъқиби додгоҳии худро дорои ангезаи сиёсӣ мехонад ва аз он ҳарос дорад, ки Стокҳолм ӯро ба мақомоти ИМА месупорад. Соли 2010 сомонаи WikiLeaks ба нашри асноди марҳамонаи вазорати умури хориҷии ИМА шурӯъ кард ва дар Амрико ба ӯ барои ифшои иттилои сиррӣ ҳукми эъдом таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG