Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як ҳайати баландпояи ҳукумати Тоҷикистон ба Малайзия рафт


Як ҳайати баландпояи ҳукумати Тоҷикистон бо сардории раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 22-уми июн ба Малайзия сафар намуданд. Аз дафтари матбуоти раиси ҷумҳур хабар доданд, ки дар ин сафар президенти Тоҷикистонро аз ҷумла вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода, вазири маориф ва илм Нуриддин Саид, раиси кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода, директори Оҷонсии захираҳои моддии давлатӣ Нурмаҳмад Ахмедов ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. Аммо аз ҷузъиёти ин сафар, ки оё дар назар аст санади байниҳукуматие имзо хоҳад шуд ё не иттилое дода нашудааст.
XS
SM
MD
LG