Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мосул таҳти назорати "Давлати исломии Ироқ ва Шом" даромад


Мардум манотиқи атрофи Мосулро тарк мекунанд
Мардум манотиқи атрофи Мосулро тарк мекунанд
Баъди таҳти назорати гурӯҳи “Давлати исломии Ироқ ва Шом” қарор гирифтани шаҳри Мосул ва атрофи он минтақаро тақрибан 500 ҳазор ироқиҳо тарк намуданд. Дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе, 11 июн, Созмони байналмилалии муҳоҷират, мақараш дар Женева, хабар дод.

Ба иттилои сокинони маҳаллӣ, мусаллаҳони “Давлати исломии Ироқ ва Шом” субҳи рӯзи чаҳоршанбе Мосул - яке аз бузургтарин шаҳрҳои Ироқро таҳти итоати комили худ қарор доданд. Афроди мусаллаҳ дар биноҳои ҳукуматӣ мустақар шуда, хиёбонҳоро назорат мекунанд.

Рӯзи 11 июн афроди мусаллаҳ шаҳри Байҷӣ, воқеъ дар канори Мосулро ҳам забт карданд. Бар пояи хабарҳо, корхонаи коркарди нафт, ки аз он тақрибан 250 муҳофизи мусаллаҳ дифоъ мекунанд, дар муҳосираи афроди мусаллаҳ қарор гирифтааст. Айни ҳол музокирот бо онҳо идома дорад.

Қарор аст, ки парлумони Ироқ рӯзи панҷшанбе пешниҳоди нахуствазир Нурӣ Ал-Моликӣ барои ҷорӣ кардани вазъи изтирорӣ дар кишварро баррасӣ кунад.
XS
SM
MD
LG