Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши намояндагони кумитаҳои миллии олимпӣ дар Кувайт


Нарзуллоҳи Латиф дар Кувайт
Нарзуллоҳи Латиф дар Кувайт

Дар Кувайт Ассамблеяи кулли фавқулоддаи Шӯрои олимпии Осиё (ОСА), инчунин, семинар оид ба масоили арбитражи байналмилалӣ ва ҳуқуқи варзишӣ доир шуд.

Рӯзҳои 4-5-уми июн дар Кувайт Ассамблеяи кулли фавқулоддаи Шӯрои олимпии Осиё (ОСА), инчунин, семинар оид ба масоили арбитражи байналмилалӣ ва ҳуқуқи варзишӣ доир шуд.

Ин чорабиниро ОСА якҷо бо Созмони кумитаҳои миллии олимпӣ (ANOC) ва Шӯрои байналмилалии арбитражи варзишӣ (ICAS) ташкил намуд.

Дар ин чорабинӣ ҳудуди 200 намоянда аз 104 кишвари Африқо, Осиё ва Уқёнус ширкат доштанд. Точикистонро Нарзулло Латифов, узви Ассамблеяи кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ки шореҳи варзиши Радиои Озодӣ мебошад, намояндагӣ кард.

Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ, раиси ОСА ва АNОC, Ҷон Коутс, ноиби президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва раиси ICAS суханронӣ карданд.

Баъдан вакилони Ассамблеяи кулли фавқулоддаи ОСА номзадии чиноӣ Юй Зайҷингро ба вазифаи муовини раиси Созмони кумитаҳои миллии олимпӣ (АNOC) якдилона пазируфтанд. Ҷаноби Юй, ки ноиби президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ мебошад, ягона номзад ба ин мансаб буд.
Шайх Аҳмад гуфт, ки Юй Зайҷинг ба вазифаи муовини раиси АNOC дар Ассамблеяи кулли ин созмони байналмилалӣ моҳи ноябр дар Бангкок (Тайланд) ба муҳлати чаҳор сол интихоб мешавад.

Ҷон Коутс иброз дошт, ки ҳамкориҳои АNOC бо ОСА минбаъд тавсиа меёбад ва ин ҳамкориҳо, бахусус, ҳангоми баргузории Бозиҳои осиёӣ, ки имсол аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ барпо мегарданд, эҳсос мешавад. Ӯ мегӯяд: «Хадафи аслии ҳамоиши мо ба намояндагони кумитаҳои миллии олимпӣ фаҳмондани он чиз аст, онҳо чӣ гуна аз хидматрасониҳои ҳуқуқии ICAS истифода кунанд."

Дар ин семинар ҳуқуқшиносони варзидаи ICAS дар бораи қонунвайронкунӣ дар варзиш ва таъини муҷозоти ҳукукӣ, ҷазоҳо барои истеъмоли маводи мадҳушкунанда, таҷрибаи додгоҳӣ дар масоили футбол, механизмҳои ҳалли баҳсҳои кумитаҳои миллии олимпӣ ва ҳамоҳангии фаъолияти онҳо бо созмонҳои байналмилалии варзишӣ маърӯзаҳо карданд.
XS
SM
MD
LG