Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

М.Шукурзода раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон ва Қирғизистон шуд


Раиси нави ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон ва Қирғизистон» адиб Мирзо Шукурзода, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб шудааст. Тавре котиботи ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон ва Қирғизистон» имрӯз, 6 июн ба радиои "Озодӣ" гуфт, дар мулоқоте, ки фаъолони ҷаъияти дӯстии ду кишвар бо сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон Урлан Саралиев сурат гирифт, раиси пешини ин ҷамъият Сайдулло Хайруллоев, раиси нави он нависанда Мирзо Шукурзодаро муаррафӣ кард. Дар ин нишаст зикр карда шуд, ки Мирзо Шукурзода барои бори аввал достони миллии қирғизҳо «Манас»-ро бо ҳуруфи арабӣ ва бо забони форсӣ тарҷума кардааст. Мирзо Шукурзода дар ин мулоқот чанд пораи форсии «Манас»-ро ки тайи чанд соли ахир тарҷума намуда, дар шакли китоб ба табъ расондааст, ба фаъолони ҷамъияти мазкур ошно кардааст. Зимнан, сафири Қирғизистон дар ин нишаст оид ба вазъи робитаҳои Тоҷикистону Қирғизистон, ки дар ин авохир ба сардӣ гароида пас аз музокироти ҳайатҳои ду кишвар ҳоло рӯ ба беҳбудӣ аст, гузориш дод. Вай аз масъулини ҷамъияти дӯстии ду кишвар даъват кардааст, ки фестивали филмҳои тоҷикиву қиғизиро дар пойтахти ҳарду кишвар баргузор кунанд.
XS
SM
MD
LG