Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Русия ба Киев бармегардад


Михаил Зурабов
Михаил Зурабов
Дар маросими савгандёдкунии раисиҷумҳури тозаинтихоби Украина Петр Порошенко аз Русия сафири кишвар дар Киев Михаил Зурабов намояндагӣ хоҳад кард. Муовини вазири умури хориҷии Русия Григорий Карасин рӯзи панҷшанбе, 5 июн, ба хабаргузории Интерфакс гуфтааст, ки Зурабов ба фаъолияти дипломатияш дар Киев идома медиҳад.

Михаил Зурабов охирҳои моҳи феврал бино бар ноорм шудани авзоъ дар Украина барои машварат ба Маскав эҳзом шуда буд. Ба иттилои вазорати умури хориҷаи Украина, сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо, Амрико, Канада, ва кишварҳои Қафқоз, ҳамчунин раҳбарони созмонҳои байнулмилалӣ барои ширкат дар маросими савгандёдкунии Петр Порошенко дар рӯзи 7 июн даъват шудаанд.

Сухангӯи раисиҷумҳури Русия гуфт, ки Владимир Путин қасди ширкат дар ин маросимро надорад. Аз ин пеш Путин дар мусоҳиба бо хабарнигорони фаронсавӣ гуфт, "ман фикр мекунам, ки ҷаноби Порошенко шонси фавқулоддае дорад ва чун дастони ӯ то ҳол олудаи хун нашудаанд, ӯ метавонад ин амалиёти маҳвсозиро қатъ ва гуфтушуниди мустақим бо мардуми худ дар шарқу ҷануби кишвари худро шурӯъ кунад".

Владимир Путин афзуд, ки ӯ омода аст, дар чаҳорчӯби таҷлил аз 70-солагии интиқоли ҳампаймонҳо дар Эътилофи зиддиҳитлерӣ аз Нормандия замони Ҷанги дуввуми ҷаҳон, бо раисиҷумҳури тозаинтихоби Украина мулоқот кунад.
XS
SM
MD
LG