Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барак Обама бо Порошенко мулоқот мекунад


Кохи Сафед гуфт, Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 4-уми июн дар шаҳри Варшава бо Петро Порошенко, раиси ҷумҳури тозаинтихоби Украина мулоқот мекунад. Ин дидор се рӯз пеш аз маросими адои савганди Порошенко сурат мегирад ва мулоқоти раиси ҷумҳури Амрико бо раҳбари кишваре, ки расман ба адои вазифа шурӯъ накардааст, ғайримуқаррӣ аст. Интизор меравад, Петро Порошенко рӯзи 7-уми июн ба ҳайси раиси ҷумҳури Украина қасам ёд кунад. Бен Родс, дастёри раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ки ҳукумати Лаҳистон ба маросиме дар Варшава, ки Обама ҳафтаи оянда дар он ширкат мекунад, баъзе аз раҳбарони тоторҳои Қримро низ даъват кардааст. Раиси ҷумҳури Амрико ҳафтаи оянда ба Аврупо сафар дорад ва агарчӣ бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар маросими таҷлили Рӯзи пирӯзӣ дар Фаронса ширкат мекунад, аммо қасди мулоқот бо ӯро надоштааст.
XS
SM
MD
LG