Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сармояи мансабдорони давлатӣ махсус тафтиш мешавад


Парлумони Тоҷикистон бо ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи Хизҳматчиёни давлатӣ шароитеро фароҳам овард, ки аз ин пас сармояи мансабдорони давлатӣ махсус тафтиш хоҳад шуд. Грез Қосимов, муовини директори Оҷонсии хизмати давлатии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 30-юми май зимни муаррифии тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи хизматчиёни давлатӣ гуфт, эъломияи даромаду дороие, ки хизматчиёни давлатӣ ба мақомот пешниҳод мекунанд, аз ин пас аз ҷониби мақомоти вижа тафтиш хоҳанд шуд ва дақиқ карда мешавад, ки онҳо ҳамаи даромади худро нишон додаанд ё ба пинҳонкорӣ даст задаанд. Шакарбек Самадов, вакили парлумони Тоҷикистон сабаби тафтиши махсуси дороии хизматчиёни давлатиро барои пешгирӣ аз ҳолатҳои фасод унвон кард. Ба гуфтаи Грез Қосимов, муовини директори Оҷонсии хизмати давлатии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон натиҷаи ин тафтишҳо ба ғайр аз ҳолатҳои махсус дастраси омма хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG