Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масоили энергетикӣ дар мулоқоти Зуҳуров бо Сардор Аёз


Дар мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо раиси Ассамблеяи миллии ҷумҳурии Исломии Покистон Сардор Аёз Содиқ, ки имрӯз 26-уми май дар шаҳри Душанбе баргузор шуд аз ҷумла масоили энергетикӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Тибки иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов дар ҷараёни мулоқот Шукурҷон Зуҳуров аз ҷумла иброз намудааст, ки «дар аксар кишварои минтақа, бахусус дар Афғонистон, Покистон ва Эрон талаботи рӯзафзун ба қувваи барқ ҷой дорад.» Аз ин рӯ Зуҳуров гуфтааст, ки бояд кишварҳои Тоҷикистону Покистон барои суръат бахшидан ба раванди татбиқи лоиҳаи кашидани хати интиқоли барқи «CASA – 1000» кушиши муштарак ба харҷ диҳанд. «Зеро ин тадбир ба беҳдошти сатҳу сифати зиндагии миллионҳо нафар мардуми минтақа оварда мерасонад.» Ба гуфтаи ин манбаъ, хати интиқоли барқи Сангтуда – Кобул – Пешовар 750 километр, сохтмони зеристгоҳи 300 МВт дар Пешовар метавонад дар баробари таъмини давлати Афғонистон ва Покистон ба барқ саҳим бошад.
XS
SM
MD
LG