Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шойгу: "Украина ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шудааст"


Сергей Шойгу, вазири дифоъи Русия, дар як нишасти байналмилалии амниятӣ дар Маскав гуфт, Украина “амалан ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шудааст.” Сергей Шойгу рӯзи 23-уми май гуфт, “Дар Аврупо ба таври маснуӣ манбаъи таниш офариданд" ва сабаби он “инқилобҳои ранга” аст. Ба гуфтаи вай, “арзишҳои хориҷиро зери ниқоби демократия ба мардум бор кардаанд.” Вазири дифоъи Русия афзуд, ки раванди шабеҳе дар Венесуэла идома дорад, ки дар онҷо ҳукумати қонунӣ ба муқовимати ба истилоҳ мухолифони демократ дучор омадааст, ки онҳоро аз хориҷ сармоягузорӣ мекунанд. Сергей Шойгу, паёми Владимир Путинро низ хонд, ки дар он хоста шудааст, “бозиҳои кӯҳнашудаи геополитикии бенатиҷаро хотима диҳанд, талошҳои таҳмили равишу арзишҳои худ ба дигар мардум аз ҷумла аз тариқи инқилобҳои рангаро бас кунанд.”
XS
SM
MD
LG