Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бузургдошти 80-солагии Субҳон Раҳматов


Имрӯз, панҷшанбе, 22-уми май дар мафҳиле 80-умин солгарди наттоқи саршиноси радио ва телевизиони тоҷик - Субҳон Раҳматов гиромӣ дошта шуд. Ин маҳфил ба ибтикори Кумитаи радио ва телевизион ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва бо ҳузури масъулон, ҳамкорони марҳум Субҳон Раҳматов, собиқадорони радио ва телевизион ва аҳли эҷод дар бинои интишороти "Шарқи Озод" сурат гирифт. Ширкатдорони маҳфил аз Субҳон Раҳматов, ба унвони устоди каломи бадеъ ёдоварӣ карда ва ҷойгоҳи ӯро дар тарғиби ваҳдати миллӣ ва рушди фарҳанг, бахусус синамо ва театри тоҷик муҳим хонданд. Имомлаии Тоҳир, наттоқи саршиноси радио ва телевизион, ки худро аз шогирдони устод Субҳон Раҳматов медонад, гуфт, ки "Субҳон Раҳматов, тамоми кору пайкори худро ба радио ва телевизион бахшида ва хадамоти шоёнеро бар ҷой гузоштааст." Ба гуфтаи ҷаноби Тоҳир, саҳми Субҳон Раҳматов дар омода кардани кадрҳои ҷавони радио ва телевизион, бахусус риштаи наттоқӣ беҳамто аст. Субҳон Раҳматов соли 1934 дар деҳаи Мотуруди шаҳри Самарқанд таваллуд шуда ва пас аз хатми Омӯзишгоҳи педагогии тоҷикӣ ва факултаи забон ва адабиёти узбакии Донишгоҳи педагогии Самарқанд дар соли 1956 ба шаҳри Душанбе омадааст. Фаъолияти эҷодии Субҳон Раҳматов, дар Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси наттоқи радио шурӯъ шуда ва то охирон лаҳзаи умр, яъне 18-уми сентябри соли 2010 ба касби худ содиқ мондааст. Субҳон Раҳматов, узви Иттифоқи журналистон, Аълочии радио ва телевизиони Иттифоқи шуравӣ, наттоқи дараҷаи олии радио ва телевизион, ходими шоистаи фарҳанги Тоҷикистон, корманди хизматнишондодаи маданият будааст. Ҳамчунин аз Субҳон Раҳматов, рисолаҳои "Таджикскому радио 50 лет" (1980), "Минбари савту калом" (2001), "Хотираи неки ашхоси арҷманд" (2007) буда, кариб 500 ҳикояву новелла, пиесаҳои якпардагӣ ва бисёрпардагиро аз забонҳои русӣ ва узбакӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума намудааст.
XS
SM
MD
LG