Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шариф Назаров аз вазифааш истеъфо дод


Шариф Назаров.
Шариф Назаров.

Шариф Назаров, мураббии маъруфи футбол, аз вазифаи раиси бошгоҳи футболи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода истеъфо дод.

Ин мутахассиси 68-сола, ки панҷ соли ахир раҳбари бошгоҳи футболи «Регар-ТадАЗ» буд, рӯзи 20-уми май дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ чунин гуфт: «Бошгоҳи футболи «Регар-ТадАЗ» ба мушкилоти молӣ мувоҷеҳ аст. Барои он ки даста дар чемпионати Тоҷикистон бозиҳояшро идома диҳад, ба бошгоҳ, пеш аз ҳама, футболбозон заруранд. Бинобар ин бисёр штат ё вазифаҳоро ихтисор кардан лозим меояд. Ман бо хоҳиши худ аз вазифаам истеъфо додам. Вале, албатта, ҳаёти худро бе футбол тасаввур карда наметавонам. Ман узви кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон мебошам. Таҷрибаамро ба ҷавонон меомӯзонам. Вале бе кори амалӣ нишаста наметавонам. Аз ин рӯ баъди каме таваққуф боз ба кори амалӣ мепардозам. Таклифҳо ҳастанд ва ман сари онҳо андеша дорам. Ман ба раҳбарони Ширкати ТАЛКО барои ҳамдигарфаҳмӣ ва дастгирии бошгоҳ ва умуман, саҳми арзандаашон дар рушди футболи тоҷик изҳори сипос менамоям ва ба дастаи «Регар-ТадАЗ» дар оянда комёбиҳо орзу мекунам.»

Шарҳи ҳол

Шариф Назаров 23-юми феврали соли 1946 дар ноҳияи Ленин (ҳозира Рӯдакӣ) ба дунё омадааст. Шогирди мактаб-интернати ноҳияи Шаҳринав солҳои 60-ум ва аввали солҳои 70-уми садаи бистум дар дастаҳои «Пахтакор»-и Қӯрғонтеппа ва «Помир»-и Душанбе ҳимоятгар буд. Вай аслан ба ҳайси мураббии футбол машҳур аст. Хизмати ӯ дар дастовардҳои «Помир»-и Душанбе беназир мебошад. Маҳз таҳти раҳбарии Шариф Назаров «Помир» ба лигаи олии чемпионати СССР (1988) роҳхат гирифта, баъдан то пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар лигаи олӣ муваффақона бозӣ кардааст.

Таҳти раҳбарии Шариф Назаров «Помир» ду бор чемпиони Тоҷикистон (1992 ва 1995) ва барандаи Ҷоми кишвар (1992) гардидааст. Вай солҳои 1994-1995 дар Узбакистон сармураббии дастаи «Навбаҳор»-и Намангон буд. Соли 1997 боз ба Тоҷикистон баргашт ва сармураббии «Помир» таъин шуд. Ӯ, ҳамчунин дастаи «Варзоб»-и Душанберо ду бор (1999 ва 2000) чемпиони Тоҷикистон ва як бор (1999) барандаи Ҷоми кишвар кардааст. Солҳои 2001-2002 сармураббии дастаи «Фаррух» -и Ҳисор, солҳои 2003-2005 сармураббии «Авиатор» (баъдан «Парвоз»)-и Бобоҷон Ғафуров, солҳои 2006-2007 сармураббии «Хима»-и Душанбе буд. «Авиатор» бошад, бо роҳбарии ин мураббии пуртаҷриба ду бор (2003, 2004) соҳиби медалҳои биринҷӣ шуда, як маротиба (2004) Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст.

Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (1974), Мактаби олии мураббиёни шаҳри Маскав (1983), Мураббии шоистаи Тоҷикистон (1977) солҳои 1986-88,1989-95,1997-98 сармураббии «Помир», солҳои 1992-95, 1999, 2003, 2005-2006 сармураббии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон буд. Бо раҳбарии ӯ мунтахаби Тоҷикистон соли 2006 барандаи Ҷоми даъвати АФК гардидааст.
Шариф Назаров ягона намояндаи ҷамоҳири Осиёи Марказӣ мебошад, ки ба дарёфти унвони баландтарину фахрии «Мураббии шоистаи СССР» (1991) муваффақ гардидааст. Вай , ҳамчунин соҳиби унвони фахрии «Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон» (1988) мебошад. Шариф Назаров аз моҳи июни соли 2009 раиси бошгоҳи футболи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода буд.
XS
SM
MD
LG