Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Т.Муъминов: «Вахш» ба иллати вазъи молӣ дар ҳолати пошхӯрист


Тими футболи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, ки рӯзи 18-уми май дар бозӣ аз тими «Хайр»-и Ваҳдат бо ҳисоби 0-2 шикаст хурд, бо сабаби вазъи душвори молӣ дар ҳоли пошхӯрӣ қарор доштааст.

Дастаи футболи «Хайр” (Ваҳдат) бар тими меҳмон - «Вахш» (Қӯрғонтеппа), ки рӯзи 18-уми май баргузор шуд, бо ҳисоби 2-0 ғолиб омад. Ҳарду горлро Айдох Наполеон, легионери африқоии «Хайр», дар дақиқаҳои 28-ум ва 52-юм зад.

Тоҳир Муъминов, сармураббии дастаи «Вахш», баъди анҷоми бозӣ бо «Хайр» гуфтааст, «тими «Вахш» дар вазъи ниҳоят мушкили молӣ қарор дорад. Бачаҳо дар муддати панҷ моҳи охир танҳо як бор маош гирифтаанд. Дар ҳайати даста футболбозони ҷавони моҳир бозӣ мекунанд, вале, афсӯс ки мо сарпараст надорем ва чунин дастаи ояндадор дар ҳолати пошхӯрист. Дар бозиҳои минбаъдаи чемпионат ширкат кардани дастаи мо зери суол қарор гирифтааст.”
Тоҳир Муъминов.
Тоҳир Муъминов.
Ин дар ҳолест, ки дастаи футболи "Равшан"-и Кӯлоб ҳам бо сабаби бе сарпараст мондан ба чунин мушкил мувоҷеҳ шуда буд.

Рӯзҳои 17-18-уми май бозиҳои даври панҷуми мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

Се бозӣ рӯзи шанбе барпо гардид. «Хуҷанд» (Хуҷанд) дар майдони худ бар "Энергетик” (Душанбе) бо ҳисоби 2-0 ғалаба кард. Голҳоро Вайсиддин Сафаров (49) ва Чарлз Теко (58) дар нимаи дувуми бозӣ ба самар расонданд.

ССКА «Помир» (Душанбе) дар майдони худ аз «Истиқлол» (Душанбе) бо ҳисоби 0-3 шикаст хӯрд. Дилшод Восиев, капитани «Истиқлол», дар нимаи дувуми дидор се гол зада, хет-трик кард.
«Равшан» (Кӯлоб) дар майдони худ бар «Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан) бо ҳисоби 1-0 пирӯз шуд. Голи ягонаро Индус Ҳусейнов дар дақиқаи 75-ум ба ҳадаф расонд.

Ду бозии дигари даври панҷум рӯзи якшанбе баргузор шуд. «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) дар майдони худ бар «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) бо ҳисоби 2-1 ғалаба кард. Бозигари мизбонон Фарҳод Тоҳиров, дар дақиқаи 75-ум аз пеналтӣ ҳисобро кушод. Бахтиёр Қаландаров, бозигари меҳмонон, дар дақиқаи 84-ум ҳисобро баробар кард. Голи ҳалкунандаро Юсуф Рабиев, дар дақиқаи 87-ум ба самар расонд.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 5-ум
17-уми май, шанбе.

«ХУҶАНД» - «ЭНЕРГЕТИК» - 2-0
Голҳо: Вайсиддин Сафаров, 49 (1:0). Чарлз Теко, 58 (2:0).
Аз майдон хориҷ шуданд: Ҷамолиддин Зардиев («Хуҷанд»), 78, Бахтиёр Чориев («Энергетик»), 78.
Сардовар: Парвиз Муртазоев (Душанбе).
Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон».

ССКА «ПОМИР» - «ИСТИҚЛОЛ» - 0-3

Голҳо: Дилшод Восиев, 58 (0:1). Дилшод Восиев, 72 (0:2). Дилшод Восиев, 78 (0:3).
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).
Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ.


«РАВШАН» - «ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА» - 1-0

Гол: Индус Ҳусейнов, 75.
Сардовар: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).
Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ.


18-уми май, якшанбе.

«ПАРВОЗ» - «РЕГАР-ТАДАЗ» - 2-1
Голҳо: Фарҳод Тоҳиров, 75 – аз пеналтӣ (1:0). Бахтиёр Қаландаров, 84 (1:1). Юсуф Рабиев, 87 (2:1).
Аз майдон хориҷ шуданд: Орзу Додхудоев («Парвоз»), 41, Абдурасул Раҳмонов («Регар-ТадАЗ»), 41.
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).
Бобоҷон Ғафуров, варзишгоҳи «Фурудгоҳ».

«ХАЙР» - «ВАХШ» - 2-0
Голҳо: Айдох Наполеон, 28 (1:0). Айдох Наполеон, 52 (2:0).
Аз майдон хориҷ шуданд: Мирзобек Мирзоев («Хайр»), 17, Улуғбек Абдулхайров («Вахш»), 19.
Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).
Ваҳдат, варзишгоҳи "Хайр".

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ Дастаҳо БҒМБТИ
1«Истиқлол» (Душанбе)541013-213
2«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)540110-512
3«Хайр» (Ваҳдат)531110-510
4«Хуҷанд» (Хуҷанд)52214-58
5«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)521210-67
6«Равшан» (Кӯлоб)52037-136
7«Энергетик» (Душанбе)51224-75
8«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан)51222-55
9«Вахш» (Қӯрғонтеппа)51041-53
10ССКА «Помир» (Душанбе)50142-101

Нишонзанҳои беҳтарин: Хуршед МАҲМУДОВ, Дилшод ВОСИЕВ (ҳарду - «Истиқлол»), Фирӯз РАҲМАТОВ («Регар-ТадАЗ») – 4 тӯбӣ, Наврӯз РУСТАМОВ («Равшан»), Айдох НАПОЛЕОН («Хайр»), Фарҳод ТОҲИРОВ («Парвоз») –3-тӯбӣ, Мирзобек МИРЗОЕВ («Хайр»), Ҳасан РУСТАМОВ («Энергетик»), Комрони МИРЗОХОН, Юсуф РАБИЕВ (ҳарду - «Парвоз»), Абдурасул РАҲМОНОВ («Регар-ТадАЗ»), Ҷаҳонгир ЭРГАШЕВ («Истиқлол»), Чарлз ТЕКО («Хуҷанд»), Индус ҲУСЕЙНОВ («Равшан») – 2-тӯбӣ.
XS
SM
MD
LG