Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоторҳо ёдбуди 70-солагии бадарғаро баргузор карданд


Раҳпаймоии солгард дар Симферопол
Раҳпаймоии солгард дар Симферопол
Тоторҳои Қрим 70-умин солгарди бадарғаи сталинии соли 1944-ро баргузор карданд. Бино ба гузоришҳо, дар Симферопол-маркази Қрим дар наздикии як масҷид дар канори шаҳр тоторҳо раҳпаймоӣ анҷом доданд.

Субҳи рӯзи якшанбе дар наздикии лавҳаи ёдгории қурбониён дар хиёбони назди роҳи оҳани Симферопоҳ ҳамзамон 100 нафар ҷамъ шуданд.

Чк рӯз ъпеш тоторҳои Қрим тасмими худро дар бораи анҷоми раҳпаймоӣ барои бузургдошти хотираи қурбониёни тоторҳои бадарғашуда дар соли 1944 фаро хонданд. Ду рӯз пеш Маҷлиси тоторҳои Қрим эълон кард, ки ба муносибати 70 солагии ин сана 18 май раҳпаймоӣ анҷом мегирад.

Маъмулан ҳар сол 18 май ҳазорон нафар дар рӯзи солгарди бадарғаи тоторҳо дар шаҳри Симферопол раҳпаймоӣ анҷом медиҳанд. Соли 1944 18 май мақомоти Иттиҳоди Шӯравӣ тоторҳоро аз Қрим ба Осиёи Миёна бадарға карда буданд. 200 ҳазор нафар бадарға шуда буданд, вале бештари онҳо дар роҳ ҷон доданд.
XS
SM
MD
LG