Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ходорковский фаъолияти "Открытая Россия"-ро зинда мекунад


Михаил Ходорковский
Михаил Ходорковский
Михаил Ходорковский-раиси пешини ширкати Юкос сармоягузорӣ дар бунёди Русияи боз-ро аз сар мегирад. Бино ба хабарҳо, вай тавассути ин бунёд фаъолияти нозирони Русия дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Украинаро сармоягузорӣ хоҳад кард. Ин интихобот барои 25 май барномарезӣ шудааст. Бунёди Русияи боз-ро ширкати нафтии Юкос ва гурӯҳи шахсиятҳое дар соли 2001 барои сармоягузорӣ дар тарҳҳои хайрия, омӯзишӣ ва маърифатӣ ташкил карда буданд. Баъд аз чанд сол ба сабаби қатъи фаъолияти ширкати Юкос ва ҳабси Михаил Ходорковский-раиси он бунёди мазкур муваққатан фаъолияти худро қатъ кард.
XS
SM
MD
LG