Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пазируфта шудани "харитаи роҳи" Иттиҳоди гумрукӣ аз ҷониби Қирғизистон


Ҳукумат тарҳи харитаи роҳи Қирғизистонро барои ворид шудан ба Иттиҳоди гумрукӣ ба раҳбарии Русия пазируфт. Вазири иқтисод Темир Сариев дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Бишкек гуфт, ки ба зудтарин фурсат ин санад ба парлумон меравад ва бояд дар кумитаҳои парлумонӣ оид ба масоили байналмилалӣ ва сиёсати молӣ арзёбӣ шавад. Сариев гуфтааст, ки ҳукумат дар амри баррасии роҳҳои маблағгузории ин харитаи роҳ кор карда иқтисоди Қирғизистонро барои мутобиқ шудан ба талаботи Иттиҳоди гумрукӣ омода мекунад. Ҳафтаи гузашта муовини нахуствазир Ҷомарт Отарбоев гуфт, ки ҳукумати Қирғизистон талош дорад мӯҳлати узвияти кишварро дар ин созмон як сол паспарто кунад. Ба қавли Отарбоев, баъди мувофиқати мардум ва ҳукумати Қирғизистон, ин тарҳ ба аъзои Иттиҳоди гумрукӣ, яъне кишварҳои Русия, Қазоқистон ва Белорус фиристода мешаванд.
XS
SM
MD
LG