Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯи ошӯбҳои баҳории Толибон


Толибон ошӯбҳои баҳории худро дар саросари Афғонистон шурӯъ карданд. Рӯзи 12 май гурӯҳи мусаллаҳон ба дафтари идораи адлия дар вилояти Нангарҳор ҳамла карданд. Сухангӯи полис Ҳазрат Ҳусайн Машриқвал гуфт, ки задухӯрдҳо миёни нирӯҳои амниятӣ ва ҷангиён дар дохили сохтмони ҳукуматии шаҳри Ҷалолобод ҳамоно идома доранд. Пеш аз ворид шудан ба дохили сохтмон ҷангиён ду муҳофиз ва чор корманди ин сохторро ба қатл расонданд. Ҳамаи се ҳамлагар аз ҷониби нирӯҳои амниятӣ, ки ба маҳалли ҳодиса расида омаданд, кушта шуданд. Задухӯрдҳо чанд соат идома кард. Ба иттилои мақомот, дар вилояти Ғазнӣ дасти кам се нафар дар як посгоҳи полис кушта шуданд. Дар канораҳои шаҳри Кобул ду мушак дар қаламрави фурудгоҳи байналмилалии Кобул ва чор мушак дар фурудгоҳи низомии Баграм инфиҷор кардааст. Дар натиҷаи ин таркишҳо нафаре осеб надид. Ҳафтаи гузашта Толибон бо пахши баёнияе гуфтанд, ки рӯзи 12 май ба ошӯбҳои баҳории худ шурӯъ мекунанд.
XS
SM
MD
LG