Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешгӯиҳо дар бораи пирузии Грибаускайте дар Литва


Даля Грибаускайте бо Александр Лукашенко (акс аз бойгонӣ)
Даля Грибаускайте бо Александр Лукашенко (акс аз бойгонӣ)
11 май дар Литва рӯзи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ аст. Коршиносон бар ин назаранд, ки дар ин интихобот Даля Грибаускайте-раиси ҷумҳури кунунӣ пируз хоҳад шуд. Вай аз соли 2004 бахши будҷа ва барномарезиҳои молии Кумиссиюни Аврупоро раҳбарӣ мекард.

Вай дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ изҳор дошт, ки дар сурати таҳдид ба амнияти миллӣ ва таҷовуз аз сӯи Русия омода аст, ки аслиҳа дар даст аз кишвари худ дифоъ кунад.

Грибаускайте аз соли 2009 то ба ҳол раиси ҷумҳури Литва аст ва ҳақ дошт бори дигар дар интихобот худро ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ номзад пешбарӣ кунад.
XS
SM
MD
LG