Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Залмай Расул дар интихобот аз Абдуллоҳ ҳимоят мекунад


Залмай Расул бо Қаюм Карзай
Залмай Расул бо Қаюм Карзай
Залмай Расул яке аз номзадҳои интихоботии расёсати ҷумҳурии Афғонистон, ки бино ба натиҷаҳои муқаддамотӣ дар мақоми севвум қарор дорад, номзадии Абдуллоҳ Абдуллоҳро ба таври расмӣ қабул кардааст. Залмай Расул яке аз ёрони наздики Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури кунунии Афғонистон аст.

Ҷовид Файсал-сухангӯи Залмай Расул дар ин бора дар нишасти хабарии 11 май дар Кобул ба рӯзноманигорон хабар дод ва гуфт, Залмай Расул аз номзадии Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҳимоят хоҳад кард.

Доктар Абдулло дар даври аввали интихобот бо 44,9 дарсад, Ашрафғанӣ Аҳмадзай 31,5 дарсад ва Залмай Расул бо 11,5 дарсад дар зинаҳои якум, дуввум ва севвум қарор гирифтанд. Қарор аст дарври дуввуми интихобот 7 июн баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG