Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости Амрико аз Покистон роҷеъ ба куштори Раҳмон


Эътирозҳо баъд аз куштори Рашид Раҳмон
Эътирозҳо баъд аз куштори Рашид Раҳмон
Амрико аз Покистон дархост кард, ки ба куштори як фаъоли ҳуқуқи башар ба таври ҳамаҷониба расидагӣ сурат бигирад. Ҷен Псакӣ-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико дар Вашингтон гуфт, ки аз куштори Рашид Раҳмон “сахт андӯҳгин” аст.

Рашид Раҳмонро шоми 7 май дар дафтари кориаш дар аёлати Панҷоб афроди номаълум ҳадафи тир қарор доданд. Раҳмон ҳамоҳангсози Кумиссиюни ҳуқуқи башари Покистон буд.

Раҳмон вакили мудофеи нафаре буд, ки вайро барои тавҳину таҳқир муттаҳам медонанд. Раҳмон мегуфт, ки барои ин парванда ба вай таҳдиди марг кардаанд.

Вакилони мудофеъ, ки дар Покистон аз чунин парвандаҳо дифоъ мекунанд, маъмулан аз тарафи унсурҳои тундгаро таҳдиди марг мегиранд. Ширкатҳои ҳомии ҳуқуқ дар Покистон тазоҳуроти эътирозӣ барпо ва куштори Раҳмонро маҳкум карданд.
XS
SM
MD
LG