Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозгарони таиландӣ истеъфои пурраи ҳукуматро мехоҳанд


Дар шаҳри Бангкок, пойтахти Таиланд, рӯзи ҷумъа полис алайҳи тазоҳургароне, ки мехостанд ба қароргоҳи хадамоти амнияти кишвар ворид шаванд, аз гази ашковар истифода бурд. Хабаргузории Associated Press иттилоъ медиҳад, ки дар ин ҳодиса чаҳор нафар осеб дидаанд.

Ҳазорон сокинони шаҳр рӯзи ҷумъа бо талаби истеъфои пурраи кобинаи вазирон ба хиёбонҳо рехтанд. Онҳо фақат аз мақоми нахуствазирӣ барканор шудани Йинглак Шиноватраро нокофӣ мехонанд.

Додгоҳи Қонуни асосии Таиланд рӯзи чаҳоршанбе, 7 май нахуствазир Йинглак Шиноватраро ба истеъфо фиристод. Хонум Шиноватра дар сӯиистифода аз мансаб айбдор мешавад. Дар нишасти Додгоҳи Қонуни асосӣ додрас нахуствазирро дар он муттаҳам кард, ки ӯ соли 2011 раҳбари вақти Шӯрои амнияти миллӣ Тхавин Плиенсиро ба мақоми дигар гузаронд, то курсияшро дар ихтиёри яке аз хешовандонаш гузорад.

Ҷонибдорони Шиноватра мегӯянд, ки қарори додгоҳ ангезаи сиёсӣ дорад.
XS
SM
MD
LG