Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киев имкони пешпардохт барои гази Русияро рад кард


Украина ба ширкати “Газпром”-и Русия бо баҳои 485 доллар барои ҳазор метри мукааб газ пешпардохт нахоҳад кард. Дар ин бора рӯзи ҷумъа, 9 май, вазири маводи сӯхт ва энерҷии Украина Юрий Продан хабар дод. Ӯ афзуд, ки Украина мехоҳад ба хотири бознигарии қарзаш аз ширкати “Газпром” ба додгоҳи арбитражӣ шикоят барад. Айни ҳол қимати гази Русия барои Украина назар ба қимати миёна барои Аврупо 25 дар сад бештар аст.

Вазири энерҷии Русия Александр Новак рӯзи панҷшанбе изҳор намуд, ки шурӯъ аз рӯзи 1 июн Маскав фақат баъд аз пешпардохт ба Украина газ хоҳад фурӯхт, зеро то имрӯз қарзи Киев барои истифодаи ин маводи сӯхт ба 3,5 миллиард доллар расидааст. Аммо Киев мегӯяд, ки ин маблағро қабул надорад.

Аз ин пеш нахуствазири Украина Арсений Ятсенюк гуфта буд, Киев омода аст тайи даҳ рӯз ҳама қарзаш барои гази Русияро пардохт кунад, агар қимати газ чун дар семоҳаи аввал 268 доллар барои ҳазор метри мукааб ҳисоб шавад.
XS
SM
MD
LG