Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифини ҳукумати Сурия маркази Ҳумсро тарк мекунанд


Дар Сурия рӯзи чаҳоршанбе, 7 май, раванди интиқоли нерӯҳои мусаллаҳи мухолифи ҳукумат аз шаҳри Ҳумс ба манотиқи марказии кишвар шурӯъ шуд. Ин раванд дар чаҳорчӯби созиши мусолиҳа бо нерӯҳои ҳукуматӣ, ки ҳафтаи гузашта бо миёнҷигарии СММ ҳосил шуд, сурат мегирад. Волии Ҳумс Талол Боразӣ изҳор намуд, ки чанд автобус бо ошӯбгарон сӯи шаҳрҳои Телбиса ва Алдар Ал-Кабира, воқеъ дар ғарби Ҳумс, ҳаракат карданд.

Намояндагони мухолифин гуфтанд, ки тақрибан 1200 тан аз ҷангиёнашон мавқеъҳои худ дар шаҳрро тарк намуда, назоратро дар ихтиёри нерӯҳои ҳукуматӣ мегузоранд. Бар пояи созиш, мухолифини мусаллаҳ роҳро барои интиқоли кӯмакҳои башардӯстона ва ду шаҳр дар шимоли Сурия, ки таҳти назораташон қарор доранд, боз мекунанд.

Маҳаллаҳои марказии шаҳри Ҳумс, ки таҳти назорати мухолифини мусаллаҳ буданд, беш аз як сол боз зери муҳосираи артиши Сурия қарор гирифтанд ва ин боиси гуруснагиву маризиҳои зиёд миёни мардуми бумӣ гардид.
XS
SM
MD
LG