Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз - бозии «Равшан» бо «Парвоз» дар Кӯлоб


Имрӯз, 7-уми май, «Равшан»-и Кӯлоб бо «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров рақобат мекунад.

Ин бозии мавқуфгузоштаи даври аввали мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб соати 17:00 шурӯъ мешавад.

Бозиҳои даври чоруми мусобиқа рӯзҳои 10-11-уми май баргузор мешаванд. Се бозӣ рӯзи шанбе байни дастаҳои «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Равшан» (Кӯлоб) барпо мегардад.

Ду бозии дигари даври чорум рӯзи якшанбе миёни тимҳои «Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан) – ССКА «Помир» (Душанбе) ва «Энергетик” (Душанбе” – “Хайр” (Ваҳдат) сурат мегирад.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ
Бозии мавқуфгузоштаи даври 1-ум
7-уми май, чоршанбе. Оғози бозӣ - соати 17:00
«РАВШАН» - «ПАРВОЗ»
Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ.
Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа).

Даври 4-ум
10-уми май, шанбе. Оғози бозиҳо – соати 17:00
«ИСТИҚЛОЛ» - «ХУҶАНД»
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.
Сардовар: Парвиз Муртазоев (Душанбе).

«ВАХШ» - «ПАРВОЗ»
Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор».
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

«РЕГАР-ТАДАЗ» - «РАВШАН»
Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург».
Сардовар: Диловаршох Орзуев (Ҳисор).

11-уми май, якшанбе. Оғози бозиҳо – соати 17:00
«ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА» - ССКА «ПОМИР»
Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ.
Сардовар: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).

«ЭНЕРГЕТИК» - «ХАЙР»
Душанбе, майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.
Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).

Дар ҳамин ҳол “Истиқлол” бо 7 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад. Дастаҳои “Энергетик” ва ”Хуҷанд” бо 5-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои дувуму севум ҷойгир шудаанд. Ин се дастаи пешсаф бохт надоранд.


Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ Дастаҳо БҒМБТИ
1.«Истиқлол»32106-27
2.«Энергетик»31204-35
3.«Хуҷанд»31202-15
4.«Регар-ТадАЗ»31114-24
5.«Хайр»31116-54
6.«Парвоз»21012-23
7.«Равшан»21012-33
8.«Вахш»31021-23
9.«Далерон-Ӯротеппа»30211-42
10.ССКА «Помир»30122-61
Нишонзанҳои беҳтарин: Хуршед МАҲМУДОВ («Истиқлол») – 4 тӯб, Мирзобек МИРЗОЕВ («Хайр»), Ҳасан РУСТАМОВ («Энергетик»), Комрони МИРЗОХОН («Парвоз») ва Фирӯз РАҲМАТОВ («Регар-ТадАЗ») – 2-тӯбӣ.
XS
SM
MD
LG