Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокини Душанбе барои ду гову як хар 400 сомонӣ ҷарима шуд


Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ахиран як сокини Душанберо барои нигаҳдории ду гов ва як хар 400 сомонӣ ҷарима кардааст. Дафтари матбуоти Додгоҳи Исмоили Сомонӣ рӯзи 6-уми май бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки додгоҳ сокини кӯчаи Телмани пойтахт Ахмед Гиёевро барои нигаҳдории ду сар чорвои калони шохдор ва як хар дар манзили зисташ бо моддаи 480-и Кодекси маъмурӣ гунакор дониста шуда, ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 10 (даҳ) нишондиҳанда ё баробар ба 400 сомонӣ таъин кард. Тавре аз додгоҳи Исмоили Сомонӣ мегӯянд, ҳалномаи додгоҳ рӯзи 2-уми май содир шудааст ва Ахмед Гиёев ҳамчунин моддаи 8-и Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи мақоми пойтахти Тоҷикистон”-ро, ки мувофиқи он дар ҳудуди шаҳри Душанбе парвариш ва нигоҳдории ҷонарони хонагӣ манъ аст вайрон кардааст. Мувофиқи ин қонун сокининони шаҳри Душанбе наметавонанд, дар манзилҳои худ чорвои калони шохдор, чорвои хурд, инчунин асп, хар, парранда ва дигар ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва паррандаҳои хурди ғайриистеъмолиро нигаҳ доранд. Аммо ин аввалин ҷазо барои нигаҳдошти чорво дар ҳудуди пойтахт нест. Додгоҳи Исмоили Сомонӣ дар моҳи октябри соли гузашта сокини дигари пойтахт, истиқоматкунандаи кӯчаи Саҳбо Зулайхо Шарифоваро низ барои нигоҳдорӣ ва парвариши ду аспу як хар дар манзили зисташ тибқи моддаи 8-и қисми 1-и Қонун “Дар бораи мақомои пойтахти Тоҷикистон”, 400 сомонӣ ҷарима карда буд.
XS
SM
MD
LG