Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Конфронси ҷумҳуриявӣ дар Рӯзи озодии матбуот


Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон, Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустакили Тоҷикистон, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо созмонҳои ватании журналистӣ ва чанде аз намояндагии созмонҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон, ба ифтихори Рӯзи байналмилалии озодии матбуот, рӯзи 3-юми май конфронси ҷумҳуриявии «Дастовардҳо ва мушкилоти озодии ВАО дар Тоҷикистон»-ро баргузор менамоянд. Тавре аз шӯрои ВАО рӯзи 2-уми апрел хабар доданд, ба конфронси мазкур зиёда аз 100 нафар роҳбарону намояндагони идораҳои ВАО, мутахассисону коршиносони соҳа, намояндагони мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратҳои мустақар дар Душанбе даъват шудаанд. Масъулон ҳадафи конфронсро баррасӣ ва таҳлили дастовард, мушкилот ва пешомадҳои ВАО-и Тоҷикистон дар як соли охир ва таҳияи тавсияҳо барои рушди озодии матбуот дар кишвар унвон карданд. Дар назар аст дар ҳамоиш баррасии мавзӯъҳои “Чолишҳои муосир дар соҳаи озодии сухан дар Тоҷикистон” ва “Даъвоҳо дар нисбати ВАО ва қазияҳои додгоҳӣ: сабабҳо ва пайомадҳо”, суратгирии мубоҳиса перомуни мавзӯъҳои мазкур ва таҳияи пешниҳоду тавсияҳои роҳҳалли мушкилот дар назар аст. Гуфта мешавад дар поёни нишаст ҷоизаҳои таъсисдодаи созмонҳои журналистӣ ба ғолибон тақдим хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG