Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарти таҳсил дар Академияи полиси Туркия - аъзои ҳизб набудан


Академияи политсияи Туркия довталабони тоҷикро барои таҳсил даъват мекунад, аммо шарти асосӣ узви ҳеҷ ҳизби сиёсӣ набудан аст. Маҳбуба Гулова, масъули сомонаи ВКД мегӯяд, ки Академияи политсияи Туркия бар асоси шартномаи байни Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Туркия, дар факултаи илм ва бехатарии Академияи Туркия довталабонро барои таҳсил қабул хоҳад кард. Вай меафзояд, ки дар мавриди шароити таҳсил яке аз талабҳо ин аст, ки довталаб узви ҳеҷ ҳизби сиёсӣ набошад. Пас аз дохил шудан ба Академия забони таълим туркӣ буда, таҳсил муштаракан бо донишҷӯёни туркӣ идома хоҳад кард. Қабули имтиҳонҳо ва муоинаи тиббӣ дар Туркия сурат хоҳад гирифт. Ба қайдгирифтани довталабон дар Сафоратхонаи Туркия то 4-уми августи соли 2014 дар назар дошта шудааст. Довталабони тоҷик барои гузаштани муоинаи тиббӣ ва имтиҳонҳои қабул бояд на дертар аз 25-уми август дар Академияи Политсияи Туркия ҳозир бошанд.
XS
SM
MD
LG