Сардовари ин бозиҳо Раҳматшо Камолов, сардори раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва рушди варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, рӯзи 30-юми апрел дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт: “Бозиҳои варзишии ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар кишвар, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҳарчи бештари аҳолӣ ба варзиш ва муайян намудани ҳайатҳои дастаҳои мунтахаби мамлакат барои бори севум баргузор шудааст, аз се марҳила иборат мебошад. Марҳилаи якум нимаи дувуми моҳи марти соли ҷорӣ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ барпо гашт. Марҳилаи дувум, ки моҳи апрел доир шуд, мусобиқоти вилоятӣ, минтақавӣ ва шаҳри Душанберо дар бар гирифт. Дар марҳилаи севум – ниҳоӣ дастаҳои мунтахаби вилоятҳо, шаҳру навоҳии тобеи марказ, водии Рашт ва пойтахти кишвар ширкат меварзанд. Ба барномаи Бозиҳо 10 навъи варзиш - баскетбол, бокс, варзиши сабук, волейбол, таэквон-до ВТФ, инчунин, 5 навъи гуштӣ - миллӣ, озод, юнониву румӣ, дзю-до ва самбо шомиланд. Занон дар 5 намуд – баскетбол, бокс, варзиши сабук, волейбол ва таэквон-до ВТФ рақобат хоҳанд кард”.
Ба гуфтаи Раҳматшо Камолов, мусобиқот аз рӯи барномаи бозиҳо дар беҳтарин иншооти варзишии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Истаравшан ва ноҳияи Рашт баргузор мешавад. Маросими ифтитоҳи Бозиҳои варзишии кишвар рӯзи 8-уми май соати 11:00 дар Душанбе, дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон, доир хоҳад шуд.
“Бояд гуфт, ки Бозиҳои варзишии ҷумҳурӣ, инчунин, мақоми чемпионати Тоҷикистонро дар намудҳои алоҳида дорост. Бинобар ин бар асоси низомномаи бозиҳо дар мусобиқот ширкати варзишгарони касбие, ки Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ кардаанд, ҳатмист. Зеро дастаҳои мунтахаби кишвар аз ҳисоби ғолибони ин бозиҳо ташкил мешаванд. Ва ин бозиҳо як давраи омодагии варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои XVII осиёӣ, ки моҳи сентябр дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ баргузор мешаванд, ба шумор мераванд”, - иброз дошт Раҳматшо Камолов.
Тақвими Бозиҳои варзишии ҷумҳурии Тоҷикистон

№ | Намуди варзиш | Макон | Сана | ||
| Бокс | Шаҳри Хуҷанд | 1 - 2 май | ||
| Самбо | Шаҳри Кӯлоб | 2 – 3 май | ||
| Гуштии миллӣ | Ноҳияи Рашт | 2 -3 май | ||
| Дзюдо | Шаҳри Душанбе (Маҷмааи варзишии Хадамоти алоқа) | 7 - 8 май | ||
| Гуштии озод | Шаҳри Душанбе (Толори варзишии «Манеж») | 17 - 18 май | ||
| Гуштии юнонӣ-румӣ | Шаҳри Истаравшан | 17 – 18 май | ||
| Таэквон-до (ВТФ) | Шаҳри Душанбе (Маҷмааи варзишии Хадамоти алоқа) | 10 - 11 май | ||
| Баскетбол | мардон | Шаҳри Душанбе (Маҷмааи варзишии Кумитаи андоз) | 11 - 16 май | |
Баскетбол | занон | Шаҳри Душанбе (Маҷмааи варзишии Кумитаи андоз) | 17 - 22 май | ||
| Варзиши сабук | Шаҳри Душанбе (Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ) | 23 - 25 май | ||
| Волейбол | мардон | Шаҳри Душанбе (Толори варзишии «Манеж») | 26 - 31 май | |
Волейбол | занон | Шаҳри Душанбе (толори Клуби варзишии «Динамо») | 1 - 6 июн | ||