Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчон


Ҷаласаи кумитаи тадорукоти оида ба омодагии варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои XVII осиёӣ.

Имрӯз, 16-уми апрел, дар Душанбе, дар қароргоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аввалин ҷаласаи кумитаи тадорукот оид ба омодагии варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд.

Дар ин ҷаласа раҳбарони ташкилотҳои варзишӣ ва федератсияҳои миллии кишвар ширкат доштанд. Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва ҳамзамон ноиби аввали президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар, иброз дошт, дар Бозиҳои XVII осиёӣ, ки аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ барпо мегарданд, ҳайати бузурги варзишии кишвар ширкат хоҳад кард.

Вай афзуд, “ба барномаи Бозиҳои навбатии осиёӣ 36 намуд – 28 намуди олимпӣ ва 8 намуди ғайриолимпӣ – дохиланд. Ширкати варзишгарони мо дар ин бозиҳо оид ба бокс, вазнабардорӣ, варзиши сабук, гуштии озод , гуштии юнониву румӣ, дзюдо, қаиқронӣ, камонварӣ, каратэ-до, таэквондо ВТФ, теннис, тенниси рӯи миз, тирандозӣ, ушу, футбол, шиноварӣ ва ғайра дар назар аст. Мо дар ин Бозиҳо аз варзишгарони маъруфи кишвар – Дилшод Назаров (варзиши сабук, гурзандозӣ), Расул Боқиев, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, Комроншоҳи Устопириён, Расул Абдушарифов (оид ба дзюдо), Искандари Рустам (гуштии озод), Мавзуна Чориева ва Анвар Юнусов (ҳарду - бокс), Муродҷон Тӯйчиев (гуштии юнониву румӣ) ва дигарон натиҷаҳои баландро чашмдорем.”

Ҷаноби Неъматов таъкид намуд, ки Бозиҳои XVII осиёӣ барои варзишгарони тоҷик имтиҳони ҷиддиест пеш аз ширкат дар мусобиқоти интихобӣ барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Бразилия.

Дар ин ҷаласа мӯҳлати охирини ба қайд гирифтани ширкаткунандагони бозиҳо ҷиҳати дарёфти аккредитатсия 25-уми апрел муқаррар шуд. Федератсияҳои варзишӣ муваззаф шуданд, ки дар муддати як ҳафта ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар бораи ширкати варзишгарони худ дар Бозиҳои осиёӣ дархост ва нақшаи омодагии онҳоро пешниҳод намоянд.

Бояд гуфт, ки варзишгарони тоҷик соли 2010 дар Бозиҳои XVI осиёӣ дар Гуанҷоуи Чин чаҳор медал (як нишони тилло ва се биринҷӣ) гирифта буданд. Дилшод Назаров дар гурзандозӣ бо медали тилло, Расул Боқиев (дзюдо), Муродҷон Тӯйчиев (гуштии юнониву румӣ) ва Ҷаҳон Қурбонов (бокс) бо медалҳои биринҷӣ сарфароз шудаанд.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG