Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи наврасон ва Бозиҳои осиёӣ


Имсол варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи дувуми тобистонаи наврасон ва Бозиҳои XVII осиёӣ ширкат хоҳанд кард.

Дар ин бора Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хабар дод. Вай гуфт, “имсол нахуст варзишгарони мо дар Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон, ки аз 16-ум то 28-уми август дар Нанҷинги Чин доир мешаванд, иштирок мекунанд. Ба барномаи бозиҳо 15 риштаи варзиш дохил аст. Варзишгарони тоҷик дар намудҳои олимпии варзиш, ба мисли бокс, дзюдо, таэквон-до ВТФ, тирандозӣ, варзиши сабук, гуштии озод, гуштии юнониву румӣ, камонварӣ ва ғайра барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Олимпиадаи наврасон талош доранд. Вазифаи асосии мо дар ин бозиҳо ба даст овардани медалҳо, бахусус, нишони тилло ва унвони қаҳрамони Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон мебошад.”

Ёдовар мешавем, ки варзишгарони навраси тоҷик соли 2010 дар нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар Сингапур ду медал (Баҳодур Қодиров дар риштаи гуштии озод дар вазни то 63 кг – медали нуқра ва Шукрона Шарифова,таэквон-до ВТФ, вазни то 44 кг – медали биринҷӣ) ба даст оварда буданд.

Ба гуфтаи Баҳрулло Раҷабалиев ҳайати бузурги варзишии кишвар дар Бозиҳои XVII осиёӣ, ки аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ барпо мегарданд, ширкат меварзад. Вай афзуд, “ба барномаи Бозиҳои навбатии осиёӣ 36 намуд – 28 намуди олимпӣ ва 8 намуди ғайриолимпӣ – дохиланд. Варзишгарони мо дар ин бозиҳо дар 10-15 намуд, ба мисли бокс, варзиши сабук, гуштии озод ва юнониву румӣ, дзюдо, вазнабардорӣ, қаиқронӣ, тирандозӣ, камонварӣ, футбол, каратэ ва ғайра ширкат хоҳанд кард. Мо бо раҳбарону намояндагони бархе аз Федератсияҳои миллӣ рӯзи 12-уми март дар қароргоҳи Кумитаи миллии олимпии кишвар мулоқот доштем. Федератсияҳо муваззаф шуданд, ки дар муддати як ҳафта ба КМО дар бораи ширкати варзишгарони худ дар Бозиҳои осиёӣ дархост ва нақшаи омодагии онҳоро пешниҳод намоянд.”

Бояд гуфт, ки варзишгарони тоҷик соли 2010 дар Бозиҳои XVI осиёӣ дар Гуанҷоуи Чин чаҳор медал (як нишони тилло ва се биринҷӣ) гирифта буданд. Дилшод Назаров дар гурзандозӣ бо медали тилло, Расул Боқиев (дзюдо), Муродҷон Тӯйчиев (гуштии юнониву румӣ) ва Ҷаҳон Қурбонов (бокс) бо медалҳои биринҷӣ сарфароз шудаанд.
Баҳрулло Раҷабалиев иброз дошт, ки Бозиҳои XVII осиёӣ барои варзишгарони тоҷик имтиҳони ҷиддиест пеш аз ширкат дар мусобиқоти интихобӣ барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Бразилия.

Сӯҳбат бо Баҳрулло Раҷабалиев
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:55 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG