Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Доғистон амалиёти зиддитеррористӣ анҷом медиҳанд


Дар ҷумҳурии Доғистони Русия амалиёти зиддитеррористӣ идома дорад. Мақомоти расмии ин ҷумҳуӣ дар Махачқалъа-маркази Доғистон гуфтаанд, ки ин амалиёт субҳи 29 апрел дар ноҳияи Қарабудахкент оғоз ёфтааст.

Бино ба гуфтаи мақомот, нируҳои амниятӣ ва пулис «аъзои гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ ва ҳамдастони онҳоро ҷустуҷӯ ва хунсо мекунанд».

Дар бораи амалиёт тавзеҳоти бештар дода нашудааст. Дар Доғистон аз солҳо пеш гаҳ-гоҳе даргириҳо сурат мегирад, ки онро бо исломи тундгаро ва ҷиноятҳои созмонёфта иртибот медиҳанд.
XS
SM
MD
LG