Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

41 зан миёни "сад чеҳраи таъсиргузори сол"-и маҷаллаи "Time"


Маҷаллаи "Time" рӯзи панҷшанбеи 24-уми апрел ёздаҳумин маҷмӯаи "Сад чеҳраи таъсиргузори сол"-ро мунташир кард.

Дар ин феҳрист чеҳраҳои сиёсӣ, ҳунарӣ ва аҳли тиҷорат шомиланд, ки 41 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд, ки бесобиқа будааст.

Маҷаллаи "Time" дар баробари акси ҳар кадоме аз афроди интихобшуда, муаррифномаи ӯро ба қалами як фарди саршиноси дигар мунташир кардааст.

Масалан, муаррифӣ ва тавсифи Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон дар ин маҷмӯа ба ӯҳдаи Муҳаммад Ал-Бародаӣ, дабири кулли пешини Созмони атомии энержӣ будааст.

Ё Поп Франсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон, ки низ дар ин рӯйхат шомил ҳаст, муаррифиномааш аз сӯи Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико навишта шудааст.

Дар рӯйхати маҷаллаи "Time" номи сиёсатмадорони саршиноси бисёре дида мешавад, аз ҷумла Барак Обама, Ҷон Керрӣ, Ҳиллари Клинтон, Ангела Маркел, Владимир Путин, Абдуллоҳ Гул ва дигарон.

Номи Эдвард Сновден, ифшогари асноди маҳрамонаи давлати Амрико низ рӯйхати "Сад чеҳраи таъсиргузори сол" дида мешавад. Малола Юсуфзай, мактабхони покистонӣ, ки мавриди ҳамлаи Толибон қарор гирифта буд, низ аз таъсиргузортарин чеҳраҳои сол ба интхоби "Time" будааст.

Дар ин феҳрист номи бозигари дастаи овозадори "Реал"-Мадрид Криштиану Роналдо, ки дар моҳи январ беҳтарин футболбози соли 2013 эълон шуда буд, низ дида мешавад.
XS
SM
MD
LG