Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии тарҳи "Ҳамкории шарқӣ" дар Прага идома меёбад


Дар шаҳри Прага, пойтахти Ҷумҳурии Чех, рӯзи ҷумъа, 25 апрел, нишасти сарони кишварҳои узви “Ҳамкории шарқӣ” идома кард. Раисиҷумҳури Литва Даля Грибаускайте дар ин нишаст гуфт, ки Иттиҳодияи Аврупо омода аст, ки ба ҳамкорони шарқияш дар таҳкими ислоҳоти демократӣ кӯмак кунад.

Имсол ба шурӯи тарҳи “Ҳамкории шарқӣ” панҷ сол пур мешавад. Ҳадафи тарҳ – рушди робитаҳои Иттиҳодияи Аврупо бо ҳамсояҳои шарқияш – Украина, Молдавия, Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон ва Белорус аст. Қарор аст, ки тобистони соли равон Молдавия ва Гурҷистон созиш оид ба тиҷорати озод бо Иттиҳодияи Аврупоро имзо кунанд. Ҳамин гуна созиш бо Украина баъд аз интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар моҳи май имзо хоҳад шуд.

Милош Земан, раисиҷумҳури Чехия, рӯзи панҷшанбе, изҳор намуд, ҳаводиси Украина шахсан ӯро ба рушди минбаъдаи “Ҳамкориии шарқӣ” мутмаин карданд. Серж Саргсян, раисиҷумҳури Арманистон, дар навбати худ гуфт, кишвараш ба ин тарҳ фақат ба он хотир шомил шудааст, ки "умедвор аст он алайҳи кишвари саввум равона нахоҳад шуд”.

Дар нишасти Прага раҳбарони Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Молдавия ва кафили вазорати умури хориҷии Украина ширкат доранд. Белорус ин нишастро таҳрим кард, зеро раисҷумҳур Александр Лукашенко ба Прага даъват нашудааст.

Аз Иттиҳодияи Аврупо дар саммити Прага раҳбарони Ҷумҳурии Чех, Австрия, Литва, Лаҳистон ва Словакия намояндагӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG