Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наврасони тоҷик дар ҷашнвораи байналмиллалӣ ҷои дувумро гирифтаанд


Наврасони тоҷик баъд аз 20 сол дар ҷашнвораи байналмилалии эҷодиёти мусиқии кӯдакон ширкат карда соҳиби ҷойи дувум шуданд ва ду роҳхати дигар ба озмунҳои баъдӣ гирифтаанд. Комилҷон Холов, раҳбари Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе рӯзи 24-уми апрел ба радиои Озодӣ гуфт, ин гурӯҳ аз даҳ нафар наврасони аз 8 то 15-сола иброт буда, баъд аз соли 1995 аввалин маротиба дар чунин як ҷашнвораи банулмилалӣ ширкат кардаанд. Ин гурӯҳи даҳнафараи таълимгирандагони Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе ё худ ансамбли асбобҳои миллии "Шукуфаҳои пойтахт" аз 18 то 23-юми апрели соли 2014 дар Ҷашнвораи байналмилалии эҷодиёти мусиқии кӯдакон дар шаҳри Екатеринбурги Русия ширкат варзида буданд. Ба гуфтаи Комилҷон Холов, наврасони тоҷик миёни 15 давлат, аз ҷумла Русия, ИМА, Австрия, Италия, Чехия, Руминия ва чанд давлати дигар дар бахши "Навозиш" сазовори чойи дуюм гардидаанд. Дар ин ҷашнвора ҷои якумро ансамбли наврасони Австрия соҳиб шудаанд. Комилҷон Холов гуфт, ки наврасони тоҷик барои ширкат дар ҷашнвораи байнулмилалии эҷодиёти мусиқии кӯдакон, ки моҳи октябр дар Ҳиндустон баргузор мешавад даъватномаи расмӣ пайдо карданд. Ҳамчунин як даъватномаи расмиро дар Ҷашнвораи навозиш ва рақси кӯдакон, ки дар Олмон багузор мегардад, дарёфт карданд.
XS
SM
MD
LG