Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон. "Рашк" аз пешрафти занон дар риштаи беҳдоштӣ


Эрон тасмим дорад, ки фаъолияти риштаи беҳдоштиро бо кам кардани шумораи духтурҳои зан беҳтар кунад. Аммо ба назар мерасад, ки табобати он мушкилтар аз худи беморӣ аст.

Парисо, як духтари эронӣ, якҷо бо ҳазорон зан риштаи беҳдоштиро, ки як вақтҳо дар он мардҳо аксарият буданд, шакли дигар доданд. Агар 20 соли пеш 70 дар сади донишҷӯёни риштаи тиббӣ дар донишгоҳҳои Эрон ҷавонмардҳо буданд, ҳоло вазъ ба шевае дигар шудааст, ки Парисо ва духтарони монанд ба ӯ 70 дар сади донишҷӯёни риштаи пизишкиро пӯшиш медиҳанд. “Ин намоишгари далелест, ки сарфи назар аз ҳамагуна маҳдудиятҳо занҳо метавонанд дастболо шаванд. Ин пешсафӣ амнияти шуғл ва истиқлолияти онҳоро таъмин мекунад”- мегӯяд Парисо.

Аммо бар пояи як барномаи нав, ки ҳоло аз тарафи мақомоти Эрон баррасӣ мешавад, пешрафти занҳо дар риштаи пизишкӣ метавонад ба нестӣ биравад. Мақомоти вазорати беҳдошти Эрон гуфтаанд, ки ба хотири мувозинати дар сади табибони мард, дар донишгоҳҳои тиббӣ квотаи ҷинсӣ ҷорӣ мекунанд. Моҳи гузашта Ҳасан Ҳошимӣ, вазири беҳдошти ин кишвар гуфт, ки Эрон барномаи коҳиши теъдоди занҳои табибро баррасӣ мекунад. Ӯ гуфт, ки кишвар ба парастор ва табибони мард ниёз доранд ва дар сади онҳо дар оянда бояд риоя шавад. Ҳошимӣ ба хотири пешгирии интиқодҳо аз эълони иқдомоти минбаъдааш худдорӣ кард.

Аммо далели аслӣ, ки барои риояи мувозинат байни дарсади марду зан дар риштаи пизишкӣ пеш гузошта мешавад ин аст, ки дар сурати будани теъдоди бештари табибон ва парасторҳои мард, хизматрасонии тииббӣ дар мантиқи рустоӣ беҳтар мебуд. Амир Муҳсин Зиёӣ, ноиби вазири беҳдошти Эрон дар таърихи 5-уми март ба хабаргузории ИСНО гуфтааст, ки мушкилоти фиристодани табибон ба мантиқи дурдаст вуҷуд дорад. Ӯ ҳамчунин ба камуди парастор ва духтурони мард ишора кардааст ва ҳамчунин гуфтааст, ки сохтори хадамоти беҳдоштӣ ба танзим ниёз дорад.

То ҳол рӯшан нест, ки чаро парастору духтурҳои мард барои кору таҷруба дар мантиқи рустоӣ беҳтар арзёбӣ мешаванд. Баъзе қонунгузорҳои Эрон иддао доранд, ки эҳтимолан занҳо аз кор дар рустоҳо сарпечӣ мекунанд. Бобаки Қарои Муқаддам, ҷарроҳи мағзу асаб (нейрохирург) низ дар сӯҳбат бо радиои “Озодӣ” камбуди табибонро дар шаҳристонҳо таъкид кард ва гуфт, барои пизишкҳои зан рафтан ба он манотиқ душвор аст. Аз сӯи дигар, ӯ ҳамчунин афзуд, ки мардҳо низ он қадар хоҳишманди кор дар он мавзеъҳо набуданд. “Ҳатто он замон, ки мардҳо 70-75 дар сади донишҷӯёни риштаи беҳдоштӣ ташкил медоданд, камбуди духтур дар манотиқи рустоӣ вуҷуд дошт”- гуфт оғои Муқаддам.

Дар ҳоле, ки раиси ҷумҳури Эрон Ҳасан Руҳонӣ дар сӯҳбати бахшида ба Рӯзи занон, дар таърихи 20-уми апрел ба баробарии марду зан дар кишвараш даъват кард, аммо коршиносои соҳаи маорифи Эрон Саид Пайвандӣ мегӯяд, матраҳ кардани мавзӯи коҳиши занон дар риштаи беҳдошт, ин худ далели табъизи занҳо аст. Ӯ мегӯяд, мақомот дар сабқати марду зан дар риштаи беҳдошт, пешсафии занҳоро хуш надоранд ва мехоҳанд дарсади онҳоро дар ин бахш монитор кунанд.

Бар пояи низоми мавҷуд дар Эрон, донишҷӯён баъди хатми донишгоҳҳои кишвар бояд аз ду то чаҳор сол дар мантиқи ниёзманд кор кунанд. Аммо ба назар мерасад, ки ин система чандон муваффақ нест. Нашрияи “Ҳуррият”- чопи Теҳрон авоили моҳи равон навишт, ки 8 ҳазор хатмкардаи риштаи пизишкии донишгоҳҳо танҳо ба хотири фирор аз кор дар минтақаҳои ниёзманд аз фаъолият дар соҳаи тиб даст кашиданд.

Шароити бади зиндагӣ набуди имкони рушди ҳирфаӣ ва илмӣ аз сабабҳоест, ки табибони ҷавонро аз минтақаҳои рустоӣ мегурезонад. Бобаки Қарои Муқаддам мегӯяд, авзо дар ҳоле матавонад ислоҳ шавад, ки агар шароит дар он маконҳо беҳбуд ёбад ва пули хубе низ ба табибон пешниҳод шавад.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG